Андешаи ватандӯстию башардӯстиро дар шогирдон аз хурдсолию наврасӣ парваридан мебояд. Зеро, ба ақидаи педагоги машҳури рус В. А. Сухомлинский, «ҷавҳари инсон – муҳаббати Ватан» дар овони бачагӣ шакл мегирад.
Бояд дар тарбияи ҳисси ватандӯстию башардӯстӣ ҳиссаи тамоми муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, касбӣ ва олӣ назаррас бошад. Омӯзгоронро лозим меояд, ки аз ҳаёту фаъолият ва корнамоиҳои меҳанпарастонаи фарзандони содиқи халқи тоҷик ва ҷаҳон мувофиқи дараҷаву донишу фаҳмиши хонандагон мисолҳо оварда, ин масъаларо дар асоси далел таҳлил карда омӯзонанд. Ҳар саҳифаи таърихи халқи тоҷик, ки пур аз корнамоиву ҷонфидоиҳост, барои ҷавонон, хоса, мактаббачагони имрӯзаи мо дарси садоқату муҳаббати меҳанпарастист. Корнамоиҳои Спитамену Муқаннаъ, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Рӯдакӣ, Темурмалику Восеъ, Айниву Турсунзода, Лоҳутиву Бобоҷон Ғафуров ва диагрон намунаи олии ватанпарастӣ мебошанд.Рӯзгору фаъолияти онҳоро адибони мо дар шаклҳои гуногуни бадеӣ, аз ҷумла, ба гунаи шеъру тарона, қиссаву достон, роман ва ҳатто асарҳои драмавӣ ба риштаи тасвир кашидаанд, ки басо омӯзандаанд.
Фикр мекунем, вақти он расидааст, ки ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷавонон, хоса, хонандагон аз дидгоҳи нав назар афканем. Савияи дониши сиёсии хонандагон, маданияти баланди маърифатнокии онҳо, ба тарбияи ватандӯстию башардӯстии онҳо таъсири калон мерасонад. Аз ҷониби дигар, чунин тарбия барои рушди маданият хонандагон аҳамияти зиёде дорад.
Ба мо зарур аст, ки ба мактабиён намунаи баланди ватандӯстию башардӯстии ҷавононро аз ҳаёти ҳарррӯза дар мисоли варзишгарони номдори даврони истиқлолият, ба монанди Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Беҳрӯзи Хоҷазод ва дигарон нишон диҳем ва онҳоро водор намоем, ки ба донистан ва дар худ беҳтару бештар тарбия намудани чунин сифатҳо мароқ зоҳир кунанд. Бешак, чунин чорабиниҳо ба мо имконият медиҳанд, ки дар баробари мутахассисони хуби замон, ҷавонони дорои дониши баланди сиёсидошта, ватандӯстону башардӯстони ҳақиқиро ба камол расонем.
Фирдавсӣ МАВЛОНОВ,
Марҳабо ХУДОЙНАЗАРОВА, омӯзгорон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр