Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори донишкадаи номбурда оид ба нуктаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии наврасону ҷавонон аз бемориҳои сироятии вируси норасоии масунияти одам, нашъамандӣ, вараҷа ва сил ҳамоиш барпо гардид. Чунонки ректори донишкада, профессор Шодӣ Сафаров иброз дошт, ин гуна чорабиниҳо мунтазам дар муассиса барпо гардида, дар тарбияи фарҳангиву ахлоқии ҷавонон нақши муҳим мебозанд.
Сардори раёсати хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Абдусаттор Фаттоҳзода қайд кард, ки дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ 4285 ҷиноят сар зад, ки 65 - тои он аз тарафи донишҷӯён содир гардидааст, ки нисбат ба соли 2017 бисту як ҳолат зиёд аст. Ҳамчунин, тӯли як соли охир 44 ҳолати ба машғулиятҳо бо мошин омадани донишҷӯён ба қайд гирифта шудааст. Дар баробари ин, дар ҳамин давра қариб 3 ҳазор нафар ноболиғ аз марказҳои дилхушӣ боздошт шудаанд. Мутаассифона, бархе аз волидайн қонунҳои батасвибрасидаро намеомӯзанд.
Боиси хушист, ки имрӯзҳо сохтану ба истифода додани боғҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Агар дар шаҳри Душанбе танҳо дар соли 2017 70 чунин майдонча ба истифода дода шуда бошад, пас дар соли 2018 теъдоди он ду баробар афзуд. Хуб мешуд, ки падару модарон фарзандонро ба ин гуна ҷойҳои истироҳату фароғат бурда, ҳаёти маънавии онҳоро бой гардонанд. Ин имкон медиҳад, ки онҳоро аз роҳҳои баду ношоиста нигоҳ дошта, ба ин восита таъриху фарҳанги худ-ро муаррифӣ намоянд.
Вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида мутахассиси пешбари раёати иттиҳодияҳои дини Кумитаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслиҳиддин Хоҷамиров, духтури эпидемиологии муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявӣ пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО Камолиддин Боймуродов, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадина Тошева низ андешаҳои худро баён дошта, ба саволҳои сершумори ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр