Омӯзиши фанни математика фаҳмиши пурра ва нозукии мулоҳизаҳои математикиро дар вуҷуди хонанда ташаккул медиҳад ва ба дарк кардани шаклҳои геометрӣ ёрӣ мерасонад.
Ҳамзамон, математика табиати эстетикии талабагонро рушд мебахшад, агар хонанда дар вақташ бо ин фан аз наздик ошно гардад ва қонуну қоидаҳои ин фанро хуб дарк намояд, дар оянда омӯзиши дигар фанҳо барояш осон мегардад. Математика забони илму техника буда, ба ҳаёти ҳамарӯзаи инсон бемайлон дохил мешавад ва дар соҳаҳои гуногуни дар назари аввал аз математика дур татбиқ меёбад. Ин раванд бо инкишофи мошинҳои электронии ҳисоббарор ва компютергардонии ҷомеа пурзӯр гардида, аз ҳар фарди ҷомеа дониши мушаххас ва тафаккури махсуси математикиро талаб мекунад. Бе донишҳои махсуси математикӣ фаҳмиши сохт ва истифодаи техникаи муосир, донишҳои мукаммали илмӣ, фаҳмиш ва шарҳи ахбори иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ мушкил мегарданд ва фаъолияти амалии ҳамарӯзаи инсон натиҷаи зарурӣ намедиҳад. Нақши судманди ин фанро дар замонҳои қадим низ мутаффакирону олимон хуб дарк намуда буданд. Масалан, дар Юнони қадим Академияи Афлотун амал мекард, ки дар даромадгоҳи он шиори зерин навишта шуда буд: «Касе риёзиётро намедонад, даромадан манъ аст».
Моҳияти математика дар он низ зоҳир мегардад, ки он ба сохтори умумии амалии инсон, ба табиат ва ҷамъият машғул аст ва дар як вақт ин муносибатро ба қобилияти шахсии инсон дар шароити мавҷудият, амалиёт ва инкишофи фикрии он табдил медиҳад. Ҷанбаи асосии омӯзиши математика аз он ҷиҳат муҳим аст, ки мавзӯи омӯзиши худро сохторҳои асосии ҳастӣ қарор дода, шаклҳои фазоӣ ва муносибатҳои миқдории оламро таҳлилу таҳқиқ менамояд. Ин сохторҳои асосии ҳаётӣ аз таҷрибаи инсон то мураккабтарин сохторҳое мебошанд, ки ба ғояҳои илмӣ-технологӣ вобастаанд. Барои он ки инсон муваффақ бошад, сараввал, бояд ба омӯхтан машғул шавад, рушд намояд, инкишоф ёбад, пешрафт кунад, дониш ва ҷаҳонбиниашро афзун намояд ва ба қадри вақти худ бирасад. Беҳуда вақтро асъори асосии ҳаёти инсон нагуфтаанд.
Рушди кайҳонии илму техника ва технологияи навин аз инсони имрӯза талаб мекунад, ки фаъолияти маърифатӣ, иҷтимоӣ ва касбиашро ба талаботи замони нав мутобиқ созад. Дар замони муосир интиқол додани донишҳои кӯҳна самара намедиҳад, зеро илм чун баҳри беканорест, ки рӯз аз рӯз васеъ мегардад. Аз ин лиҳоз таълим бояд малака ва маҳоратҳоеро дар хонанда ташаккул диҳад, ки ӯ тартиби фаъолият, ҷамъоварии маълумоти зарурӣ барои ҳалли масъалаҳоро мустақилона анҷом дода, муқоиса, таҳлили ақида ва ахбор, арзёбии раванди иҷроиши фаъолият, муайян кардани ғалатҳо ва ислоҳи онҳо, ба роҳ мондани муоширати созанда бо иштирокчиёни дигари равандҳоро ба нақша гирад ва татбиқ карда тавонад.
Пас мо - омӯзгоронро мебояд, ба тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ диҳем, то ки кӯдакон дар оянда роҳи худро дуруст интихоб карда тавонанд ва шахсияти хубу зарурӣ ба камол расанд.
Заррина САБУРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
гимназияи №2-барои бачаҳои
болаёқати шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр