Тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим мебошад. Дар муассисаҳои таълимӣ ҳам дар дарсҳо ва ҳам дар чорабиниҳои беруназсинфӣ ба ҷабҳаҳои гуногуни тарбияӣ диққати махсус дода мешавад.
Кӯдакон ва ҷавонон ҳатто баъзе калонсолон дар бораи истифодаи маблағҳои худ, сарфаву саришта кардани онҳо маълумоти кофӣ надоранд. Сабаби ин ноогоҳии онҳо он аст, ки на дар мактаб ва на дар оила масъалаи муносибат бо пулро намеомӯзанд. Ба гуфтаи Р.Кийосаки «Илм дар бораи маблағ фаннест, ки дар оила бояд омӯхта шавад, на дар мактаб». Аз ин рӯ, мехостам волидайн ба ин масъала диққати махсус диҳанд. Малакаи истифодаи маблағ малакаи махсус буда, хушбахтона, омӯхташаванда мебошад. Волидайн бояд кӯшиш намоянд, ки ин малакаро ба фарзандонашон омӯзонанд, то ки дар оянда онҳо тавонанд захираҳои маблағии худро зиёд намоянд.
Барои омӯзонидани фарзандон ба волидайн лозим меояд, ки буҷаи оиларо, ба нақша гирифтани хароҷотҳои навбатиро якҷоя бо фарзандон муҳокима намоянд, ба фарзандон фарқи байни мафҳумҳои «мехоҳам» ва «метавонамро»-ро фаҳмонанд. Зеро на ҳама вақт захираҳои оила барои қонеъ намудани ҳамаи хоҳишҳо имкон медиҳанд. Кӯдак бояд фаҳмад, ки ҳама чизи рӯи дунё ҳадду ҳудуд дорад ва ба охир мерасад. Агар масъалаи хароҷоти оиларо ҳамроҳии фарзандон муҳокима намоем, барои онҳо ҳамаи гуфтаҳои боло равшан мегарданд.
Роҳи дигари омӯзиши молиявии кӯдакон ва наврасон ба онҳо додани маблағҳои кисагӣ барои хароҷотҳои ҳаррӯза мебошад. Байни мардум ақидае, ҳаст, ки гӯё ба кӯдакон додани пул хуб нест, гӯё онҳо «пулбоз» шуда, ин омил ба тарбияи онҳо зарар мерасанда бошад. Аммо ҳаргиз чунин нест. Агар ба кӯдак пул надиҳем, пас, вай аз куҷо омӯзад сарфаву ҳароҷоти онро? Додани пул ба кӯдакон якчанд қоидаи худро дорад: аввал ин, ки ба кӯдакон аз 6-7 - солагӣ пул додан мумкин аст, аммо бо меъёри муайян. Ин меъёр вобаста ба синну соли кӯдак тағйир меёбад, зеро кӯдак калон шуда, хароҷоташ низ зиёд мешавад. Маблағи кисагии кӯдак барои хароҷоти худаш равон карда мешавад, барои харидани қалам, ручка, кулчаканд, ширинӣ ва ғ. Маблағи кисагии ба кӯдакон ва наврасон медодаи волидайн бояд бо донишу рафтор дар мактаб вобастагӣ надошта бошад ва ҳамчун ҷазо истифода бурда нашавад, яъне аз сабаби рафтори нохуб ё баҳои паст гирифтани кӯдак додани маблағ ба кӯдак манъ карда нашавад ва бинобар баҳои баланд гирифтани кӯдак ҳамчун мукофот истифода нашавад. Маблағҳои кисагии кӯдак бояд бо ихтиёри худи ӯ хароҷот карда шаванд. Ба ғайр аз ин, бояд кӯдак дар хона вазифаҳои муайян дошта бошад, ки бе гирифтани маблағ иҷро намояд, яъне ба корҳои хона кумак расонад. Чи хеле ки дар боло гуфта гузаштем, пулҳои кисагӣ мактаби ибтидоӣ барои омӯзишҳои молиявии кӯдакон ба ҳисоб рафта, бо кумаки калонсолон кӯдакон метавонанд бо дунёи пасандозу хароҷот шинос шуда, дунёи маблағгузориро низ омӯзанду дар оянда дар зиндагӣ истифодаи дурусти пул, сарфаву сариштакорӣ , пасандоз намуданро ёд гиранд ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ кӯшиш намоянд.
Тоҷинисо Акбарова,
омӯзгори забони англисии
мактаби №2,
шаҳри Гулистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр