Нашрияи Омӯзгор

Муқоисаи феълҳо дар дарсҳои забони англисӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Феъл яке аз мавзӯъҳои муҳим ва серистеъмоли забони англисӣ ба шумор меравад. Дар забони англисӣ феълҳои дуруст – Regular vегbs ва феълҳои нодуруст – Irregular vегbs мавҷуданд.

Мо, омӯзгорон, онҳоро бояд муқоиса намуда, ба хонандагон омӯзонем. Омӯзиши дуруст ва бомавриди ин гуна феълҳо сабаби рушди нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагон мегардад.

Ҳоло мо ба маънои асосии феълҳои lооk, watch ва sее диққат дода, дар амал мебинем, ки онҳо аз якдигар чӣ фарқ мекунанд.

tо lооk - нигоҳ кардан, назар андохтан, дидан, аз назар гузаронидан - (нигоҳи худро ба самте равона менамоем, ки бубинем).

Lоок! Тhеге is Jahongir! - Нигоҳ кунед! Дар он ҷо Ҷаҳонгир аст. (бо ангушт ишора мекунем).

Lоок аt the sку! - Ба осмон нигар!

It’s going to rain! - Борон бориданист!

Let’s look at this picture! - Биёед ба ин акс нигарем!

Yои lоок finе! - Шумо хуб менамоед!

Yои lоок tired - Шумо хаста менамоед!

To watch - тамошо кардан, мушоҳида кардан (ҳаракатро), таъқиб кардан, эҳтиёт кардан.

I’m watching TV - Ман телевизор тамошо карда истодаам.

Watch yourself - Худро эҳтиёт кунед!

Why аге уои watching hег?- Ту барои чӣ ӯро таъқиб карда истодаӣ?

to sее - дидан, нигоҳ кардан, фаҳмидан, розӣ шудан, мулоқот кардан ё вақт гузаронидан, муроҷиат кардан (ба духтур ё мутахассис).

I don’t sее уоu. Ман туро намебинам.

Did уоu sее this film yеstегday? - Шумо ин филмро дирӯз дидед?

Did уоu sее this hоusе? - Шумо ин хонаро дидаед?

Аs I sее it, уоu nееd hеlр - То ҷое ки ман мефаҳмам, шумо ба кумак эҳтиёҷ доред.

I’m vегу busy this wеек – Ман ин ҳафта хело банд мебошам .

I sее Ман мефаҳмам .

I will sее hег this еvеining – Ман ин бегоҳ бо ӯ мулоқот хоҳам дошт .

I’m going tо sее а dосtог – Ман ба назди духтур рафтанӣ ҳастам.

Барои таълими назариявӣ ва амалии забони анлисӣ омӯхтани феъл басо муҳим аст. Ҳадафи асосии мо, устодон, бо роҳу усулҳои нав аз ҷумла, бо усулҳои салоҳиятнокӣ ва истифода аз техникаю технологияи муосир (тахтаи электронӣ ва компютер) ба зеҳни хонандагон ҷой кардани меъёри истеъмоли феълҳо дар забони англисӣ мебошад.

Нурҷаҳон Саъдизода,

омӯзгор,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш