10 апрели соли ҷорӣ ба муносибати 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ дар Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар мавзӯи «Устод Садриддин Айнӣ ва матбуоти тоҷик» конфронс баргузор гардид.
Дар он олимону адабиётшиносон, муҳаққиқон, намояндагони ВАО ва донишҷӯёни факултаҳои журналистикаи макотиби олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода дар мавзӯи «Садриддин Айнӣ ва матбуоти тоҷик» суханронӣ намуд. Профессор Мурод Муродӣ иброз дошт, ки устод Айнӣ яке аз саромадони матбуоти тоҷик ба ҳисоб меравад, ки дар таъсиси нашрияҳои тоҷикӣ ва тарбияи рӯзноманигорони ҳирфаии давр нақши босазо гузоштааст. Устод Айнӣ дар ҳамон давр нақши матбуотро дар бедории шуури мардум дарк намуда, таъкид карда буд: «қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад».
Ҳамчунин, дар ҳамоиш мавзӯъҳои «Масъалаҳои давлатдории миллӣ дар публитсистикаи Садриддин Айнӣ», «Нақши Пешвои миллат дар болобурди манзалати устод Айнӣ», «Мактаби адабии устод Айнӣ» ва «Устод С.Айнӣ дар шинохти Асадулло Саъдуллоев» баррасӣ гардиданд. Дар суханрониҳо нақши Садриддин Айнӣ дар ташаккули адабиёт, матбуоти тоҷик ва худшиносии миллати тоҷик муассир арзёбӣ карда шуд.
Раиси Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода иброз дошт, ки маводи ҳамоиши илмӣ дар шакли маҷмӯа ба чоп хоҳад расид.
Н. Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр