Ташкилу баргузории шаби адабӣ дар мактаб ба ташаккули сатҳи фикрронӣ, наттоқӣ, сухандонию сухангустарӣ ва парваридани малакаҳои нахустини ровигии хонандагон мусоидат мекунад.
Шаби адабӣ яке аз роҳҳои муҳимтарини васеъ кардани ҷаҳонфаҳмӣ, баланд бардоштани завқи бадеӣ, шеърфаҳмию шеърдонист.
Ба муносибати санаҳои таърихӣ, ҷашнвораҳо, мавлуди аҳли адаб, Рӯзҳои Парчам, Рӯзи Модар, идҳои Ваҳдату Истиқлолият, рӯзи Артиши Миллӣ, идҳои Наврӯзу Меҳргону Сада ва монанди инҳо шаби адабиро метавон пурмазмуну мақсаднок ташкил карду гузаронд.
Барои он ки шаби адабӣ ҷолиб гузарад, ба он тайёрии ҳаматарафа ва ҷиддӣ бояд дид.
Муаллим ё роҳбар бо гурӯҳи муайяни шогирдони як синф ё синфҳои мувозӣ метавонад онро гузаронад.
Тақсимбандии мавзӯъҳо бояд ба синну соли шогирдон мувофиқат кунад ва ин талабро омӯзгор ҳатман ба ҳисоб гирад, то баромадкунанда ба мавзӯъ сарфаҳм равад ва дар бораи чӣ ҳарф гуфтанаш, хуб донад.
Дар алоқамандӣ ба шаби адабӣ мо, муаллимони забон ва адабиёти тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки оид ба ин ё он мавзӯъи маводи баландмазмун интихоб намоем. Муаллим вазифадор аст, ки баробари ба хонандагони қобилиятнок сару кор гирифтан ба шогирдони камҳавсала низ таваҷҷуҳ зоҳир намояд, онҳоро ба фаъолият водор созад.
Шаби адабӣ вақти муайян дорад. Он пешакӣ ба руйхати чорабиниҳои иттиҳодияи методии забон ва адабиёти тоҷик сабт карда мешавад ва нисбат ба мавзӯъҳои он ба шогирдон маълумот дода шуда, давра ба давра тайёрӣ оғоз меёбад.
Бо ин роҳ талабагон масъулият ҳис мекунанд, тариқи баромад намуданро дар назди ҳамагон ёд мегиранд ва метавонанд хотираву андешарониашонро такомул бахшанд.
Маҳз шаби адабӣ имкон фароҳам меорад, ки хонанда бо роҳбаладии омӯзгор тайёрии пухта ва ҳамаҷониба бинад.
Мо соли хониши равон ба ифтихори 400-солагии рӯзи мавлуди шоири тавоно Сайидои Насафӣ бо хонандагони синфҳои даҳум аз рӯи барномаи махсуси идона шаби адабӣ гузаронидем.
Сарвари муассиса шаби адабиро ҳусни ифтитоҳ мебахшад. Муаллими забон ва адабиёти тоҷик оид ба зиндагиномаи шоир маълумот медиҳад. Сипас талабагон аз ғазалу мухаммасхои адиб пораҳо аз ёд қироат мекунанд. Баъд талабагони синфҳои 10 байтбараки мавзӯи оид ба тарғиби ҳунармандӣ ва намунаҳои касбу ҳунар меороянд.
Чанде аз омӯзгорон ҳакам таъ-ин мешаванд, ба тарзи қироати пораҳо ва беғалат хондани шогирдон баҳогузорӣ менамояд. Дастаи ҳаваскорон бо чанд суруду рақс шаби адабиро хотима мебахшад ва агар зарур ояд, хулосаи иштирокдорон шунида мешавад.
Агар шаби адабӣ пайваста гузаронида шавад, талабагон маҳорат ва дониши худро афзун карда, соҳиби малакаҳои хуби дарсазхудкунӣ мегарданд.
Баҳодур ҚУРБОНОВ,
омӯзгори мактаби №2,
деҳаи Урметан, ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр