Нашрияи Омӯзгор

Алоқамандии байни фанҳоро пурзӯр намоем

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Ман китобҳои дарсӣ ва тарзи дарсгузарии омӯзгорони солҳои 70-80-уми асри гузаштаро ба имрӯза муқоиса мекунам: фарқ аз замин то осмон. Якум ин ки дар китобҳои дарсии ҳозира ҷиҳати илмии мавзӯъҳо гум шуда истодааст.

Забони китобҳои дарсии ҳозира душворфаҳм буда, бо забони олимона навишта шудаанд. Баъзе номҳо ва ибораҳоеро муаллифон мисол меоранд, ки дар луғатномаҳо низ ёфт намешаванд. Такя ба як мавзӯи китоби дарсӣ кардан бемасъулиятӣ ва бемаҳоратии омӯзгорро нишон медиҳад, дар дарсҳо алоқамандии байни фанҳо дида намешавад. Ҳол он ки байни ҳамаи фанҳо алоқамандии зиёде бояд бошад.

Дарси адабиёт чӣ тавр бе воқеаҳои таърихӣ мегузарад ё дарси таърих, химия, физика, биология, математикаро бе алоқаи ҳамдигар тасаввур кардан душвор аст. Аммо солҳои охир дарсҳои омӯзгорон чунон мегузаранд, ки вақтатонро мегиранду халос. Солҳои давраи Шӯравӣ китоби дарсӣ баъди ҳар 4-5 сол нашр мешуд. Омӯзгорон ба ғайр аз аёниятҳои чопӣ ва худсоз боз  саволномаҳоеро ба хонандагон медоданд, ки онҳоро истифода намоянд. Хонанда бо тамоми масъулият дарси гузашта ва навро аз худ менамуд. Дар ин бора агар нақл намоӣ, омӯзгорони «навбаромад» дар ҳайрат монда, «Ин чӣ тавр мешавад?» - гуфта дар тааҷҷуб мешаванд. Дарс, ки бе аёният мегузарад, ба ҳеҷ як хонанда таъсиргузор нест.

Баъзе даъвоҳои падару модарони хонандагон нисбат ба дониши сусти фарзандашон ҳаққу рост аст. Муаллифоне, ки майли навиштани китобҳои дарсӣ доранд, пеш аз ҳама, бояд аз гузашта омӯзанд ва на кам аз 10-15 сол дар мактабҳои миёна кор карда бошанд.

 

З. Дилшод,

омӯзгор,

ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш