Нашрияи Омӯзгор

Дунёи пурмуҳаббати модар

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Таълими «Модарнома»-и устод  Лоиқ дар синфи 11

Ҳангоми таълими ин мавзӯъ омӯзгорро  лозим аст, ки  аз тамоми усулу имкониятҳои дастрас истифода  намояд.

Масалан, ман  ҳангоми  баргузор кардани ин дарс  чандин асарҳои устод Лоиқ, аз ҷумла, «Сари сабз», «Соҳилҳо», «Марди роҳ», «Варақи санг», «Хонаи чашм», «Хонаи дил», «Рӯзи сафед», «Офтобборон», «Девони дил», «Куллиёт», расму суратҳо ва маҷаллаву рӯзномаҳои дахлдорро ба шогирдон  муаррифӣ менамоям. Сипас, аз маҷмӯаҳои номбурда ба таври интихобӣ якчанд ғазалу рубоӣ, дубайтиро ифоданок қироат намуда, мазмуни кӯтоҳи онро шарҳ медиҳам. 

Пас аз чунин муқаддима мавзӯи  навро эълон медорам. Аввалтар аз ҳама, ба аҳли синф муроҷиат менамоям, ки кӣ дар васфи модар шеъре қироат мекунад? Пас аз шунидани як ду – нафар ба баёни мавзӯъ шурӯъ менамоям. Ба хотири бачаҳо мерасонам, ки ҳам устодони адабиёти классикӣ ва ҳам муосир – дар васфи модар беҳтарин шеърҳоро гуфтаанд. Аз насли баъдӣ дар ин мавзӯъ устод Лоиқ Шералӣ доди суханро додааст. Баъд ба хотири шогирдон мерасонам, ки яке аз нахустин шеърҳои ӯ «Ба модарам» ном дорад, ки онро шоир соли 1965 навиштааст. Дар маҷмӯъ, вай дар васфи модар бештар аз 60 шеър ва рубоию дубайтии зиёд гуфтааст.

Хусусан, дар шеърҳои «Модар», «Қарз», «Қасидаи модар», «Ҷомаи  гадоӣ», «Дасти дуои модар», «Ҳасрат», «Дар сари гӯр» меҳру садоқати модар басо самимона ва ранҷу заҳматҳои ӯ моҳирона тасвир ёфтааст. Дар ин гуна шеърҳои шоир хусусияти милливу шарқии модари тоҷик, ботини поку беолоиш ва ҷаҳони орзуву ҳавасҳои модари рустоӣ мавриди тасвир қарор гирифтааст. Масалан, устод дар шеъри «Ба модарам» аз ифода ва тасвирҳои сода хеле самимона истифода бурдааст, ки зимни мутолиаи он симои модар пеши назар меояд.

Пас аз тавзеҳи лаҳзаҳои рӯзгори шоир бачаҳо ба дарс бештар мароқ зоҳир менамоянд. Ба шогирдон ҳамчун вазифаи хонагӣ азбар намудани шеъри «Дуои модар» - ро тавсия медиҳам.

Назира ШИРИНОВА,

омӯзгори забон ва

адабиёи тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш