Нашрияи Омӯзгор

Дафтар дар дарси таърих

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 758        Шарҳ: 0

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди амалӣ гардидани ислоҳот дар соҳаи маориф ва ба вуҷуд овардани шароити хуби кори таълиму тарбия таваҷҷуҳи калон зоҳир менамояд.

Аммо пӯшида нест, ки имрӯз сифати дониши хаттии қисме аз хонандагони муассисаҳои таълимӣ коста мебошад. Агар забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ қисматҳои саводомӯзӣ, хониш ва инкишофи нутқ, грамматика, имло ва машқи хатро фаро гирад, пас дар синфҳои болоӣ омӯзгорони ҳар як фанни алоҳида бояд ба нутқи хаттии хонандагон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Аз ин рӯ, барои беҳтар намудани нутқи хаттии хонандагон дар дарси таърих дафтар ва тахтаи синф нақши ҳалкунанда мебозанд.

Дуруст истифода бурдани дафтари таърих аз тарафи хонандагон барои баланд бардоштани фарҳанги сиёсии онҳо кумак мерасонад. Ташкил намудани дафтар дар хонандагон барои ҳар як омӯзгори таърих зарур мебошад. Хати зебо, саводнокӣ, роҳ надодани хатоҳои имлоӣ яке аз махсусиятҳои дафтари таърих мебошад. Бинобар ин, аз омӯзгори таърих талаб карда мешавад, ки дар тахтаи синф тоза, ботартиб, бехато нависад, зеро хонандагон ба омӯзгор тақлид намуда, ҳамон хел менависанд. Омӯзгороне, ки ҳусни хати зебо надоранд, метавонанд хонандаи зебонависро даъват намуда, номи мавзӯъро дар тахтаи синф нависанд. Лекин дар синфи 5 ин усули кор тавсия намешавад, чунки дар бачагони ин синну сол ҳоло имлои орфографӣ ба таври пурра инкишоф наёфтааст ва онҳо ниҳоят суст менависанд. Омӯзгор дар ин ҳолат агар ҳусни хати хуб надошта бошад, метавонад бо ҳарфҳои чопӣ дар тахтаи синф номи мавзӯъро нависад. Навиштани мавзӯъ ва нақшаи дарс ибтидои кор бо дафтар буда, хонандагонро ба мустақилона навиштан омода месозад. Нақшаи дарс одатан аз се-чор ҷумла ё саволҳо сохта мешавад. Тартиб додани саволҳои тестӣ аз дохили мавзӯи нав ва навиштани он дар дафтарҳо низ аз аҳамият холӣ нест. Омӯзгор бояд дар вақти навиштани хонандагон ба мунтазамӣ, босаводии навиштаҷот ва тозагии дафтарҳо назорат барад. Ба омӯзгори таърих лозим меояд, ки ҳар сари чанд вақт дафтари хонандагонро тафтиш кунад. Тафтиши дафтари хонандагон дар лаҳзаҳои гуногуни дарс гузаронида мешавад.

Ба дафтарҳо шарҳу ислоҳ даровардан, камбудиҳоро ислоҳ намудан ва ба онҳо баҳо гузоштан вазифаи омӯзгори таърих аст.

Истифодаи тахтаи синф дар дарси таърих яке аз воситаҳои методии паҳнгаштаи таълим дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Аз омӯзгор талаб карда мешавад, ки хатҳои каҷ, гирд, харитаи контурӣ ва ғайраҳоро дар тахтаи синф тасвир кунад. Сипас ҳамаи инро хонандагон метавонанд аввал дар компютер, баъд дар дафтарҳо тасвир намоянд.

Имрӯз ба ҳар яки мо, омӯзгорон, муҳим аст, ки ба масъалаи таълиму тарбияи хонандагон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, то онҳо ба таври шоиста ба камол расанду мутахассисони варзида ва дӯстдори Ватани азизамон бошанд.

 

Талабшо АЗИЗОВ,

омӯзгори таъриху ҳуқуқи

мактаби №15-и ноҳияи Дарвоз


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш