«Об ганҷинаи табиат аст, онро муҳофизат намоед ва азиз нигоҳ доред». «Об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии саломатии инсон мебошад». Ин ду иқтибос аз гуфтаҳои ҳакимонаи Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда шуд ва иқтибосҳои мазкур аҳамияти обро дар ҳаёти инсонҳо ба таври равшану барҷаста тавзеҳ мебахшанд.
Воқеан ҳам, зиндагӣ бе об буда наметавонад ва об аст, ки боиси рустанҳову обод гаштанҳо ва инкишофу тозагиву озодагӣ мегардад. Вобаста ба ин мо – омӯзгоронро мебояд, ки дар доираи тадбирҳову барномаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба шогирдонамон бо истифода аз лаҳзаҳои дарсҳои ҳамарӯза, чорабиниҳои беруназсинфӣ ва васоили дигар ҳар чӣ бештар дар бораи об, аҳамияту моҳият ва хусусиёти он маълумот пешкаш намоем.
Шогирдони мо бояд дар бораи манбаъҳои об, дар бораи чашмаҳову дарёҳову баҳру уқёнусҳо, дар бораи кӯлҳову обанборҳо дониши муайян дошта бошанд. Барои тарбияи ҳисси эҳтиром ба об, пок доштану сарфа кардани он ба хонандагон бояд оид ба ин сарвати бебаҳои табиат ҳикоятҳои таъсирбахшу воқеӣ нақл кард. Пеш аз ҳама, шогирдони мо бояд аз гуфтаҳои пурҳикмати бузургон дар ситоиши об бохабар бошанд, мазмуни онҳоро дарк намоянд ва шарҳ дода тавонанд. Чанде аз чунин ҳикматҳоро мисол меоварем.
«Ҳама бояд дарк кунанд, ки арзиши об аз қимати навъҳои дигари сӯзишворӣ ва манбаъҳои энергетикӣ камтар нест». (Эмомалӣ Раҳмон)
«Об муъҷизаи табиат ва асоси пайдоишу пойдории олами зинда аст». (Арасту)
Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Нашояд фикандан дар он сангу хок. (Асадии Тӯсӣ)
Обро аз рӯшноӣ кун қиёс,
Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос. (М.Турсунзода)
Ба хонандагон оид ба об маълумоти ҷолибу шавқовар ироа кардан низ аз ҷониби омӯзгор амали басо манфиатбор аст. Намунае чанд аз ин гуна маълумот:
Қисми зиёди сайёраи моро об ташкил медиҳад. Об 71% ва хушкӣ 29%-и сатҳи сайёраи моро фаро гирифтааст. Захираи умумии оби сайёраамон 1360 миллион километри кубист.
Бештари оби Замин шӯр аст: 94%. Ҳамагӣ 6%-и оби сайёра оби тозаи нӯшиданист.
Обро барои табобати якчанд беморӣ ҳамчун дору истифода мебаранд.
70%-и обҳои ҷаҳон барои киштукор истифода мешаванд.
Чун шогирдонамон оид ба об маълумоти кофӣ дарёфтанд, бо онҳо баргузор кардани викторинаи «Кӣ бештар дар бораи об медонад?» имконпазир ва муфид хоҳад буд. Ҳоло дар мактабҳо аз воситаҳои техникии таълим васеъ истифода бурда мешавад. Ба воситаи дастгоҳҳои видеоӣ ба хонандагон дар бораи об намоишҳои ҳуҷҷатӣ пешкаш кардан аҳамияти махсус дорад ва барои онҳо хеле шавқангез аст.
Мавлуда ТӮРАМУРОДОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ,
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр