Бо ин ном китоби Ҳайдармамад Таваккалов ва Умед Муҳаммадшерзодшоев бо теъдоди 700 нусха дар матбааи «Паёми ошно» чоп шуд. Ин аввалин таҳқиқотест, ки дар асоси ишораҳои олимону адибони классики тоҷику форс, сарчашмаҳои таърихӣ, ривоёти мардумӣ, ковишҳои илмии олимони тоҷику хориҷи мамлакат мураттаб шудааст. Баробари ин, дар китоб тавзеҳи вожаи арабии «рубоб», шарҳи мафҳуми он дар луғатномаҳо, дар осори адибони классик, намо ва рамзи ҷузъиёти он, тору шаклҳои мухталифи рубоби помирӣ, мактаби мадҳиясароӣ - наътхонӣ, мутрибӣ, мактаби созтарошӣ дар Бадахшон, мақому манзалати рубоб дар Бадахшон, луғот, феҳристи мухтасари мадҳиясароёни номӣ оварда шудааст. Ин ганҷина барои донишҷӯёну унвонҷӯён, мутахассисони соҳаи фарҳангу адабиёт, таъриху мухлисони созу суруд ва умуман, барои худшиносию хештаншиносӣ дастури хубу муфид аст.
Ҷ . Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр