Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Бонки ҷаҳонӣ) Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд.
Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба ду озмун, яъне, грантҳои бузург ва миёнаи лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонии «Рушди таҳсилоти олӣ» лоиҳа пешниҳод намуд. Хушбахтона, ҳар ду лоиҳаи пешниҳодшуда аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонии «Рушди таҳсилоти олӣ» маъқул дониста шуданд.
Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Созишномаи грантӣ №02/01, аз 30 ноябри соли 2018 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ (Татбиқи стандартҳои аврупоӣ ва байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ дар мисоли ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ») ва Созишномаи грантӣ аз 30.11.2018, №12/02 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунӣ (ихтисосҳои муҳандисӣ – имкониятҳои нав барои духтарон) ба имзо расид.
Равандҳои бузурги азнавтаҷҳизонии моддӣ-техникии муассисаҳои тиббии солҳои охир, ки дар кишвари мо дар доираи амалишавии стратегияи миллии «Саломатии омма» барои солҳои 2010-2025 (2-юми августи соли 2010 бо Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №368 қабул гардидааст) амалӣ шуда истодааст, дар назди роҳбарияти муассисаҳо, мудирони шуъбаҳо ва мутахассисони қаторӣ – истифодабарандагони дастгоҳҳои тиббӣ маҷмӯи мушкилоти нави ғайристандартии ташкилӣ-техникиро гузошт. Дар замони муосир мушкилоти асосии ташкили ҳифзи тандурустии миллӣ чун мушкилоти истифодаи дуруст ва хизматрасонии техникии пас аз кафолатии техникаи тиббӣ, ки мубрамии худро бо гузаштани муҳлати масъулиятҳои шарномавии таъминкунандаи техникаи тиббӣ ба даст овардааст, боқӣ мемонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба истифода супоридани ду бинои иловагии таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд қайд карда буданд, ки «…барои кор бо ин дастгоҳ, истифодаи дуруст ва ҳифзи он кадрҳои мувофиқ омода бояд кард, то ки ин дастгоҳи пурарзиш кори духтурон ва мушкилоти ниёзмандонро сабук карда давоми солҳои тӯлонӣ хизмат кунад». Мушкилоти назорати таъмини коршоямии дастгоҳҳои табобатӣ-ташхисиро доираи масъалаҳои дар назди табибони мутахассисони касбӣ ва сатҳи маъмурӣ истода низ пурра мекунад. Ғайр аз ин, норасоии кадрҳои баландихтисоси «муҳандисон-конструкторон» доир ба коркард ва омодакунии протезҳо ва ортезҳо дар заводҳои протезӣ-ортопедӣ мавҷуд аст. Аз ин сабаб ҳолати мазкурро таҳлил карда, аз ҷониби роҳбарияти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ чун донишгоҳи пешбари омодакунандаи кадрҳои муҳандисӣ дар ҷумҳурӣ қарори созмон додани ихтисосе, ки муҳандиси хизматрасони техникаи тиббӣ, инчунин, конструкторон барои заводҳои протезӣ-ортопедиро тайёр мекунад, қабул гардид.
Мақсади асосии лоиҳаи якум татбиқи стандартҳои аврупоӣ ва байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ дар мисоли ихтисоси «Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ» дар зинаи бакалавриат ва магистратура мебошад. Амалишавии лоиҳа дар ду марҳила ба нақша гирифта шудааст. Марҳилаи якум корҳои омодагиро доир ба кушодани ихтисос, аз он ҷумла, дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ ва аврупоӣ таҳия намудани стандарт, барномаҳо ва модулҳои корӣ, созмон додани озмоишгоҳҳо, доиркунии тренинги тренер-шарикон барои устодони донишгоҳ, гирифтани иҷозатнома, доиркунии маъракаҳои ахборӣ-ташвиқотӣ, қабули довталабон ба бакалавриат ва магистратураро дар бар мегирад.
Марҳилаи дуюм дар ташкили бевоситаи раванди таълим ба итмом мерасад, ки он ҷо дар қатори машғулиятҳои синфӣ, семинарҳо бо ҷалби шарикони дохилию хориҷӣ ташкил карда шуда, инчунин, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ дар муассисаҳо-шарикон ба нақша гирифта мешавад.
Барои амалишавии лоиҳаи мазкур шарикони хориҷӣ, аз ҷумла AGH Донишгоҳи илм ва технология (факултаи электротехника, автоматика, техникаи ҳисоббарор ва дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ), Фонди таълимии «Перспектива» аз кишвари Лаҳистон (Полша), Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ, Донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск ва шарикони маҳаллӣ, аз ҷумла, ҶДММ «Авроком», Ташкилоти ғайридавлатии «Марказ доир ба масъалаҳои экология ва технологияҳои инноватсионӣ дар ҶТ» ва МД «Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе» омодагии пурраи худро иброз дошта буданд.
Лоиҳаи дигар бо унвони “Ихтисосҳои муҳандисӣ – имкониятҳои нав барои духтарон”, ки дар доираи гранти озмуни лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» аз тарафи ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ амалӣ шуда истодааст, ба ҷалби духтарон ба ихтисосҳои муҳандисӣ бахшида шудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъоли занон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосаро касб намудааст. Хусусан, иштироки фаъоли занон дар самти илм, сиёсат ва фарҳанг хеле назаррас аст. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар самти техника ва технология занон хеле кам ба кор ҷалб гардидаанд, яъне зан – муҳандис, зан – сохтмончӣ, зан – меъмор, зан – энергетик, зан – мутахассиси технологияҳои информатсионӣ ва ғайра хеле кам ба назар мерасад.Дар даврони истиқлолият дар ин самт корҳои назаррасе анҷом дода шудаанд. Хусусан, ҷудо гардидани квотаи Президентӣ барои фарогирии духтарон ба таҳсил дар донишгоҳҳо, дар самти техникаю технология ба амалишавии сиёсати гендерӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Новобаста ба ин, интихоби касбҳои муҳандисӣ аз тарафи ҷавондухтарон то ҳоло хеле кам ба назар мерасад.
ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун донишгоҳи базавии техникии кишвар нисбат ба ҷалби духтарон ба ихтисосҳои муҳандисӣ чораҳои дахлдор андешида истодааст.
Сарфи назар аз кӯшиши ҷалби занон барои иштироки фаъолона дар рушди кишвар, ҳам дар сиёсат, иқтисод ва идоракунии давлат ва ҳам дар илму технологияи инноватсионӣ, дар ҷумҳурӣ занон ба соҳаи муҳандисӣ кам таваҷҷуҳ доранд (ҳамагӣ 0,5% аз шумораи умумии довталабон). Дар кишвари мо асосан бо сабабҳои зерин духтарон (занон) ихтисосҳои муҳандисиро интихоб намекунанд:
-таъсири анъана ва тафаккур (касби ихтисосҳои техникӣ сирф кори мардона ҳисобида мешавад);
-огоҳии пасти духтарон ва волидони онҳо дар бораи дурнамои фаъолият дар соҳаи техникӣ;
-набудани модели нақши занон;
-набудани корҳои шарҳдиҳӣ ва ҳавасмандгардонӣ дар байни хонандагони синфҳои болоӣ бо мақсади ҷалби минбаъдаи онҳо ба илм, технология, фаъолияти муҳандисӣ ва амсоли онҳо.
Барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ амалишавии мақсадҳои зеринро дар лоиҳа пешбинӣ намудааст:
-шинос намудани хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дурнамои таҳсил дар ихтисосҳои техникӣ (муҳандисӣ);
-дастгирии донишҷӯдух-тароне, ки дар хобгоҳҳо истиқомат менамоянд, бо роҳи таъмини дастрасии онҳо ба технологияҳои иттилоотӣ, созмондиҳии синфи компютерӣ.
Ҳоло дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар зинаи якуми таҳсилот (бакалавриат)-и шуъбаи рӯзона донишҷӯдухтар 4,8% шумораи умумиро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 29 нафар духтарон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Раёсати донишгоҳ ҳамаи шароитҳоро барои дастгирии онҳо омода ва шуъбаи кор бо занонро ташкил намудааст, инчунин, дар ҳар факулта Шӯрои занон ва духтарон, ки мақсади асосиаш дастгирии занону духтарони донишгоҳ мебошад, амал мекунад.
Мамадамон Абдуллоев,
муовини ректор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр