Вақте ки деҳа мегӯем, аз ҳавои поку мусаффо ва обҳои ширину шаффоф меандешем ва пеши назар манзараҳои марғуб падид меоянд. Деҳа нисбат ба шаҳр махсусиятҳои худро дорад, он маконест меҳнатобод ва пурмуҳаббат.
Мардуми деҳа ғолибан ашхоси покдилу некниятанд, пайваста заҳмат мекашанд ва ризқи худро асосан аз кишоварзию чорводорӣ ва боғпарварӣ дармеёбанд. Ба ҳама гуна дастгириву арҷгузорӣ шоистаанд сокинони деҳот. Мутаассифона, солиёни зиёдест, ки аз лиҳози иҷтимоиёт ва шароити фарҳангӣ деҳаҳо нисбат ба шаҳрҳо тафовути чашмрас дар миён доранд. Бисёр деҳаҳои ҷумҳуриамон то ба имрӯз ба марказҳои фарҳангӣ, варзишгоҳҳо, махсусан, ба роҳҳои обод ниёзманданд. Дуруст аст, ки солҳои охир деҳаҳои кишвар то ҷое обод мегарданду чеҳра тоза мекунанд, вале фарқи байни шаҳру деҳот ҳамоно дар сатҳи баланд боқӣ мемонад.
Бо назардошти ин ҳолат Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон дар Паёми худ (26.12.2018) солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Ҳадаф аз ин тадбири оқилона амалисозии ҷидду ҷаҳд ва барномаҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам ободу шукуфо кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъминсозии аҳолӣ деҳот бо оби тозаи нӯшиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфросохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар кулли деҳоти ҷумҳурӣ мебошад.
Барои мо, аҳли маориф, хеле хушоянду нишотбахш аст, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар як қатор деҳаҳои мамлакат бунёди мактабҳои нав ва ба таври муосир таҷҳизонидани онҳо ба нақша гирифта шудааст. Мактаб муҳимтарин муассиса дар ҳар деҳа мебошад. Ин ҷо он ҳам нақши таълимдеҳу тарбиятгар, ҳам нақши маркази фарҳангию варзишӣ ва ҳам нақши тавзеҳбахшу тарғибгари сиёсати давлат ва барномаю асноди ҳукуматро мебозад. Аз ин рӯ, ҳар чӣ бештар ободу зебову муҷаҳҳаз кардани мактабҳо, бунёди таълимгоҳҳои нав амали хеле манфиатбор хоҳад буд. Албатта, дар татбиқи барномаҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳли таълиму тарбия дар деҳаҳои ҷумҳурӣ бештар бояд ҳиссагузор бошанд.
Ғолиб Ҳасанов,
омӯзгор, ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр