Нашрияи Омӯзгор

Устод Айнӣ ва адабиёти ҷаҳон

Сана: 2018-04-20        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Дар конфронси илмии байналмилалӣ, ки ба ифтихори 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ 16-уми апрел дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Устод Айнӣ – асосгузори адабиёти нави реалистии халқҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, меҳмонон аз мамолики Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Украина, Эрон, Фаронса, Олмон, Туркманистон ва ғайра ширкат варзиданд. Ҳамоишро ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ ҳусни оғоз бахшид.

Дар қисмати ифти-тоҳии конфронс мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, намояндаи раёсати илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Маҳмудзода, доктори илми филология, профессори Институти ховаршиносии Ӯзбекистон Боқиҷон Тухлиев, котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вячеслав Украинетс, намоянда аз Аврупо Фрэнсис Ришар, дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон Розалия Баязитова ва як қатор меҳмонони дигар суханронӣ намуданд.

Дар конфронс, аз ҷумла, дар мавзӯоти «Нақши устод Садриддин Айнӣ дар таҳким ва рушди робитаҳои адабии тоҷику рус», «Садриддин Айнӣ ва Ғафур Ғулом», «Садриддин Айнӣ дар пажӯҳиши Х.Мирзозода», «Мақом ва ҷойгоҳи шоирони Афғонистон дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ», «Айнӣ-рӯзноманигор» ва ғайра маърӯза ироа гардиданд. Гуфта шуд, ки осори устод Айнӣ, на танҳо барои миллати тоҷик, балки баҳри тамоми башарият хидмат менамояд.

Дар идомаи ҷамъомад пиромуни тарҷума ва таҳқиқи асарҳои Садриддин Айнӣ дар ҷамоҳири мухталиф низ изҳори андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки устод Айнӣ дар радифи нобиғагони сатҳи ҷаҳонӣ қарор дорад ва аз ин рӯ, асарҳои ӯ бояд жарфтар ва пурвусъаттар мавриди пажӯҳиш қарор дода шаванд.  

Дар хусуси нақши устод Айнӣ дар таҳкими равобити дӯстонаи миллатҳо, хусусан, тоҷикону ӯзбекҳо зикр гардид, ки мавсуф бо адибони ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом иртиботи қавии эҷодӣ дошта, дар тарбияи онҳо нақши назаррас гузоштааст. Ӯ аз оғози асри ХХ бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ асар эҷод карда, ба тақдири халқи ӯзбек ва сарнавишти фарзандони он баҳои воқеӣ додааст. Ҳамзамон, устод Айнӣ дар бораи адибони ӯзбек Муқимӣ ва Алишер Навоӣ рисолаҳои бунёдӣ таълиф намуда, ки аҳамият ва мақоми баландро соҳиб мебошанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар конфронс дар радифи меҳмонон аз хориҷи кишвар, инчунин, донишмандони номвар аз макотиби олии Тоҷикистон ва набераҳои устод Айнӣ Эраҷ Айнӣ ва Рухшона Айнӣ ҳузур доштанд.

Конфронс ду рӯз идома ёфт ва дар бахшҳои он дар маҷмӯъ беш аз 50 маърӯза шунида шуд.

А.МУРОДӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш