Дар ноҳияи Деваштич ба тариқи ҳашар бунёди иншоот ва биноҳои таъйиноти гуногун ба ҳукми анъана табдил ёфтааст. Боиси хушнудист, ки ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон, саховатпешагон ва бо иқдоми сокинони деҳаҳои ноҳия бунёди муассисаҳои таълимӣ, майдончаи варзишӣ, таъмири роҳҳо вусъати тоза пайдо карда истодааст.
Ба қарибӣ дар деҳаи Далёни Ҷамоати деҳоти Далёни Боло майдони варзишии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки он бо 200 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 500000 сомонӣ аз тарафи соҳибкори деҳаи Далён Неъматулло Раҳматов бунёд гардидааст.
Дар ифтитоҳи тантанавии майдони варзишии замонавӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иштирок намуданд.
Дар ноҳияи Деваштич ҳамчунин бунёди зиёда аз 300 иншооти маъмурӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, варзишгоҳу майдончаҳои варзишӣ, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳангию корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба нақша гирифта шуда, корҳо бо маром идома доранд.
Маратҷон ҶАББОРОВ,
ноҳияи Деваштич
Иловакунӣ
Иловакунии фикр