Соли дуюм аст, ки Маркази таълими ибтидоии касбии назди ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод дар асоси лоиҳои тақвияти касбӣ-техникӣ ва рушд аз ҳисоби Бонки Осиёии Рушд фаъолият дорад. Маркази таълимӣ дорои 18 кабинети таълимӣ, аз ҷумла, кабинетҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ(адрасбофӣ ва қолинбофӣ), компютерӣ, заргарӣ, ошхонаи таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти навини замонавӣ буда, дар ҳолати хуби таълимӣ қарор дорад. Ба маркази касбомӯзӣ 16 компютер, 1 тахтаи эектронӣ ва 250 ҷойи нишаст барои омӯзиши шунавандагон ҷудо карда шуд. Дар Маркази касбомӯзӣ ихтисосҳои муҳосиб бо донистани компютер, дӯзанда, таъмири телефонҳои мобилӣ, қаннодӣ, ошпаз, ороиши мӯй, кафшергари газию барқӣ, фӯрушанда-ташкилотчӣ, бофанда, заргар, гулдӯзӣ, занбӯрпарварӣ ва технологияи истеҳсоли консерва ва ғайраҳо омӯзонида мешавад. Ба таълимгоҳ ҷавонписарон ва духтарони 15-24-сола ба таълим фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон, дар таълимгоҳ қабули занони 24-49-сола барои омӯхтани касбҳои гуногун ба роҳ монда шудааст.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр