Нашрияи Омӯзгор

Девори бузурги Чин

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 768        Шарҳ: 0

Барномаи таълими фанни  таърих дар мактаби миёнаи таҳсилоти  умумӣ хеле васеъ ва пурмуҳтавост. Хонандагон дар доираи  ин фан оид ба  бис-ёр ҳодисаву воқеаҳои  ҷолиб ва муассир  маълумот пайдо мекунанд.

Маълум, ки мактабиён ҳамарӯза аз суҳбати  калонсолон, аз радиою телевизион ва манбаъҳои  дигари  иттилоот калимаю ибораҳоеро  мешунаванд, ки барояшон номафҳуманд. Онҳо вобаста ба ҳисси  кунҷкобию беқарориашон  мехоҳанд, ки ҳар чӣ  зудтар дар бораи  маънои  калимаю  ифодаҳои  барояшон ҷолиб фаҳмише пайдо намоянд. Аз ин рӯ, вобаста ба истилоҳоти  мавриди таваҷҷуҳашон, ки ба фанни таърих дахл доранд, ба омӯзгори таърих савол медиҳанд. Бо чунин ҳодисаҳо ман  дар давоми  дарсҳову суҳбатҳои  озодам бо шогирдон борҳо  вохӯрдаам. Чанде пеш шогирдонам бо исрор талаб карданд, ки ба онҳо оид ба Девори  бузурги Чин маълумот диҳам. Ман ба хонандагон дар тавзеҳи ин пурсишашон мухтасаран ҳикоят кардам.

Девори бузурги Чин (Садди Чин, Девори Хитой) яке аз муъҷизаҳои  таърихи башар ба шумор меравад ва ба аҳди қадим мутааллиқ аст. Он дар қисмати  шимолии Чин, дар қаторкӯҳҳои  Иншан воқеъ гардида. Девор хусусияти  мудофиавӣ дошт. Дарозиаш дар  давраи  аввал  тақрибан ба 665 км мерасид ва тадриҷан  (дар солҳои минбаъда) бунёди девор идома ёфту то ба 8851 км тӯл кашид. Оғози сохтмони  ин девори азим  ба асри 7-и  то милод рост омада. Тақрибан 1млн чиниҳо ба сохтмони  девор ҷалб шудаанд. Дар бунёди Девори бузурги Чин асосан гил, чӯб, санг ва тахтасанг истифода шудааст. Андозаи  девор дар қисматҳои  гуногун аз ҳам фарқ мекунад. Ба ҳисоби миёна баландии  девор ба 7,5 паҳнои таҳкурсии  девор 6,5м ва қисми  болоӣ ба 5,5 м  баробар аст. Девор фосила ба фосила  60 ҳазор бурҷи дидбонӣ дошт (фосилаи  байни  бурҷҳо 200 м). Марҳилаи охири таъмиру бозсозии  Девори бузурги Чин тақрибан 100 сол идома ёфтааст. Дар аҳди  ҳукмронии сулолаи Син (1644-1912) қисми  зиёди  Девори бузурги Чин хароб шудааст. Соли  1984 бо ибтикори  роҳбарияти  кишвар барномаи  барқароркунии  ин девори таърихӣ қабул гардид. Ҳафриёти бостонӣ Девори бузурги Чинро муддатҳои  тӯлонӣ таҳқиқ карда, маълумоти фаровон ба даст овардааст. Дар бораи ин ёдгории таърихӣ  асарҳои  зиёде навиштаву филмҳои  ҳуҷҷатӣ наворбардорӣ шудаанд.

Ҳар сол теъдоди  зиёди сайёҳон аз тамоми ҷаҳон ин муъҷизаи таърихиро тамошо мекунанд.

Девори бузурги Чин ба феҳристи  Мероси  умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.

Маҳқула ЁРОВА,

омӯзгори таърих,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш