Нашрияи Омӯзгор

Раҳнамои оқил ва дӯсти содиқ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Нақши китоб дар инкишофи маънавии инсон ва дар ташаккули шахсияти ӯ хеле бузург аст. Ба шарофати мутолиаи пайвастаи китоб ҳар шахс дар ҷомеа мавқеи шоистаи худро дармеёбад ва ба комёбиҳо мушарраф мешавад. Аз ин лиҳоз китоб чун қутбнамоест, ки инсонҳоро ба роҳи рост, ба ҷодаи мурод раҳнамоӣ мекунад. Аҳли хирад китобро дар сатҳи баланд ситоиш кардаву онро «фурӯғи субҳи доноӣ», «дӯсти содиқу бошараф» ва «хуршеди ҷаҳони маънавии аҳли башар» номидаанд. Ҳар қадар кас ба китоб наздику ҳамдам бошад, ҳамон қадар комёбу пешрав ва соҳибдониш хоҳад буд. Китоб тарбиятгари беҳамтои насли наврас аст. Аз ин рӯ, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки кӯдакон ҳар чӣ зудтар ва ҳар чӣ бештар ба китоб унс бигиранд, китобро дӯст доранд, онро рафиқи доимии худ хонанд. Вобаста ба ин, бо ибтикори Дафтари байналмилалии китоб барои насли ҷавон (IBBY) Рӯзи байналмилалии китоб барои кӯдакон таъйин гардид, ки ҳамасола рӯзи 2 апрел таҷлил мегардад. Ин сана бо зодрӯзи нависандаи бузургу машҳури кӯдакон Ҳанс Кристиан Андерсен алоқамандӣ дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Рӯзи байналмилалии китоб барои кӯдакон ҳар сол рӯзи 2 апрел дар сатҳи баланд таҷлил мешавад ва ба ин муносибат ҳамоишу намоишҳо, маҳфилу сабқатҳо ороста мегарданд, дар мактабҳо дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои дигар баргузор мешаванд. Ба ин муносибат, ҳамчунин, Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон созмон меёбад, ки дар он теъдоди зиёди насли наврас ширкат меварзанд. Ҳадафи меҳвари баргузории Рӯзи байналмилалии китоб барои кудакон тарғиби китоб ҳамчун сарчашмаи дониш, қавитар бинмудани иртиботи китобу кӯдакон, намоишу тавзеҳи китобҳои тозанашр мебошад. Хушбахтона, солҳои охир дар кишварамон чопи китобҳои бачагона вусъат меёбанд. Ҳоло кӯдакон имкон доранд, ки китобҳои зиёди рангаву пурмуҳтавою шавқоварро ба даст овардаву мутолиа намоянд. Ҳодисаи хеле муҳим ва манфиатбор он аст, ки ҳикоятҳо аз «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ» ва «Қобуснома» барин шоҳкориҳои адабиёти классикии тоҷик дар шакли китобчаҳои алоҳидаи мусаввар ва бо «забони кӯдакон» ба нашр расонида шуданд. Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми мамлакат як силсила китобҳои бачагона чоп ва дастраси кӯдакистонҳову мактабҳо гардиданд.

Дар тарғиби китоб дар байни кӯдакон мо – омӯзгорон бояд нақши фаъол дошта бошем ва бар он бикӯшем, ки шогирдони хурдсоламон китобро ҳамқадами доимии ҳаёти худ интихоб намоянд.

 

Гулнора Асатуллоева,

омӯзгор, шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш