Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши проблемавӣ дар дарсҳои адабиёт

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Дар дастури таълимӣ – методии «Усулҳои таълим ва омӯзиши ҳамфаъол» (с.2006) омӯзиши проблемавӣ чунин шарҳ дода шудааст: «Омӯзиши проблемавӣ - омӯзишест, ки дар он омӯзгор доимо вазъи проб-лемавиро ба миён гузошта, фаъолияти хонандагонро ба ҳалли проблемаҳои таълимӣ равона месозад ва роҳи беҳтари ҷустуҷӯи мустақилона ва азхудкунии хулосаи илмиро таъмин мекунад».

Зери мафҳуми омӯзиши проблемавӣ мо усулеро дар назар дорем, ки дар шакли ба роҳ мондани вазъияти проблемавии пайдарҳам бо ҳадафи  омӯзиши чуқури мавзӯъ ва тарзи эҷодкорона ба роҳ монда мешавад. Аз нигоҳи равонӣ вазъияти проблемавӣ фаҳмиши хонандаро нисбат ба мушкилоти пайдошуда инъикос мекунад, дар асоси номувофиқатӣ дар байни донишҳои мавҷуда ва донишҳои зарурӣ барои ҳал кардани  масъалаи додашуда тавлид мешавад.

Пайдарҳамии марҳалаҳои фаъолияти дарккунии хонанда дар муҳити вазъияти проблемавӣ ин гуна аст:

1) вазъияти проблемавӣ;

2) ҷустуҷӯи  роҳи ҳал;

3) ҳалли проблема.

Се зинаи  асосӣ вобаста ба дараҷаи проблеманокӣ  вуҷуд дорад;

- баёни проблемавие, ки дар он худи омӯзгор проблемаро пешниҳод мекунад ва ҳалли онро пайдо менамояд;

- баёни проблемавие, ки омӯзгор проблемаро пешниҳод мекунад, аммо ҷустуҷӯ ва пайдо кардани роҳи ҳалли он дар якҷоягӣ бо хонандагон сурат мегирад;

- омӯзиши эҷодкорона, ки иштироки фаъоли талабагонро дар пешниҳод ва ҷустуҷӯ пайдо кардани роҳи ҳалли проблема тақозо менамояд.

Зимни фаъолияти омӯзгорӣ мо мушоҳида намудем, ки омӯзгорон дар лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ бештар ба саволҳои якранги анъанавӣ ва характери дилгиркунандадошта такя менамоянд. Ин амал дар раванди дарс ҳолати дилгиркунандаро ба вуҷуд меоварад. Бахусус, дар лаҳзаи пурсиши вазифаи хонагӣ. Барои тасдиқи гуфтаҳо далел он аст, ки ҳангоми пурсиш хонандаи болаёқат имкон дорад, даҳ-дувоздаҳ дақиқа мавзӯи гузаштаро, ки супориши вазифаи хонагӣ буд, тайёр намуда, ҷавоб гӯяд. Саволе пеш меояд, ки оё зимни 10-12 дақиқа хонандагони дигар ба пуррагӣ ҷавобҳои ин хонандаро гӯш мекунанд? Ба ҳеҷ ваҷҳ! Махсусан, хонандагони сустхон дилгир ва зиқ шуда, ҳар кадоме ба кори худ андармон мегарданд. Педагоги машҳури олмонӣ Гербарт хеле барҳақ гуфта буд: «Зиқӣ дар дарс душмани ашаддии таълим аст».

Аз ин рӯ, ба пиндори мо, ҳеҷ зарурате нест, ки аз як хонанда 10-12 дақиқа вазифаи хонагӣ пурсида шавад. Дар зарфи ин дақиқаҳо, ки барои хонандагон хеле тӯлонӣ менамояд, омӯзгори хушсалиқа имкон дорад, ки 5-6 нафар хонандаро тавассути саволҳои тамоюли проблемавидошта пурсида, баҳогузорӣ намояд. Бояд тазаккур дод, ки омӯзиши проблемавӣ ҳисси шавқмандии шогирдонро ба дарс меафзояд, зеро саволҳои проблемавӣ шогирдонро водор месозад, ки ба фикр фурӯ рафта, ҷавоби саволро дарёбанд. Масалан, зимни омӯзиши «Суруди шӯриши Восеъ», ки таълими он тибқи талаботи барномаи таълими адабиёт барои синфҳои 5-11 дар синфи 6 ба роҳ монда шудааст, омӯзгор бо мақсади таваҷҷуҳи шогирдонро ба дарс ҷалб кардан ва сайқал додани афкори эҷодии онҳо бо саволҳои зайл, ки тамоюли проблемавӣ доранд, муроҷиат менамояд:

1. Шумо мехоҳед, ки мисли Восеъ қаҳрамону далер бошед? Агар ҳа, андешаҳоятонро шарҳ диҳед.

2. Дар симои кадоме аз рафиқони шумо баъзе хислатҳои мардонагии Восеъро дидан мумкин аст?

3. Ҳамсафони Восеъ мисли ӯ таҳамтан мебуданд, натиҷаи шӯриш чӣ гуна ҷамъбаст мегардид?

Саволҳои гузошташуда, воқеан ҷавоби ҳамгун надошта, шогирдонро ба фикр карда ҷавоб додан водор месозад.

Ба андешаи мо,  дар ҷомеаи кунунӣ, ки инсон дар марҳалаи рушд қарор дорад, омӯзиши проблемавӣ ногузир аст, зеро он инкишофи муносибати шахсияти эҷодкорро ташаккул медиҳад. Аслан, бояд имрӯз қариб ҳамаи мавзуҳои фанҳои тадрисшаванда тариқи усули проблемагузорӣ ба роҳ монда шавад. Зеро маҳз дуруст ба роҳ мондани технологияи омӯзиши проблемавии таълим ҷаҳони назария ва амалиро дар хонанда кашф месозад.  Хонандаро водор месозад, ки бояд мантиқан фикр карда тавонад, вобаста ба вазъияти проблемавии гуногун роҳи ҳалли онро пайдо намояд ва тавонад, ки дар сатҳи баланд худро таҳлил, танқид ва ислоҳ созад.

Муҳсин ШАРИФОВ,

дотсенти ДДЗТ ба номи

Сотим Улуғзода,                       

Маҳкамой АЛИЕВА,

омӯзгори мактаби № 56,

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш