Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ – талаби замон

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Замони муосир тақозо менамояд, ки вобаста ба таҳаввулот ва рушду тараққиёти бемайлони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёту иқтисодиёт аз навгониҳову навовариҳои ҳаррӯза огаҳӣ дошта бошем. Вазифаи басо муҳим, ки имрӯз дар назди ҳар шаҳрванди кишвар, махсусан, дар назди ҳар як хонанда қарор дорад, аз худ кардани на камтар аз ду забони хориҷӣ – забонҳои русиву англисӣ мебошад.

Дар Паёми навбатиашон ба масъалаи омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, ки ҳанӯз аз соли 2003 бо Фармони Президенти кишвар Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ барои солҳои 2004-2014 қабул шуда, баъдан муҳлати иҷрои он барои солҳои 2015-2020 тамдид карда шуд, изҳори нигаронӣ намуданд, ки «.. натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем».

 Дастури Пешвои муаззами миллат дар хусуси он ки Барномаи нави такмили таълими забонҳои русиву англисӣ барои давраи то солҳои 2030 таҳия ва ба тасдиқ расонида шавад, мувофиқи мақсад аст. Зеро, дар самти омӯзишу азхудкунии забонҳои мазкур ва дар масъалаи тайёр кардани мутахассисони хуби донандаи ин забонҳо ҳанӯз ҳам як қатор мушкилиҳое мавҷуданд.

Пеш аз ҳама, мушкилие, ки пешорӯи омӯзгорони забони англисӣ қарор дорад, дар гурӯҳҳои таълимӣ аз меъёр зиёд будани миқдори хонандагон аст. Шояд барномаи наве, ки вобаста ба омӯзиши забонҳо қабул карда мешавад, дар навбати аввал масъалаи ба зергурӯҳҳо ҷудо шудани гурӯҳҳои таълимиро танзим намояд. Омӯзгори фанни забони англисӣ он вақт муваффақ шуда метавонад, ки аз ҳамаи хонандагон супоришҳои ҳаррӯзаи хонагиро пурсида, имконияти мавзӯи нави дарсро тариқи саволу ҷавоб фаҳмонида, ҷамъбаст карда тавонад. Вақтро барои баёни мавзӯъ ва шарҳи луғату иҷрои машқҳои грамматикӣ сарфакорона истифода карда тавонад.

Хонанда ҳам вақте мавзӯъро аз худ карда метавонад, ки калимаву ибора ва тарзи навишту шарҳу эзоҳи онҳоро бо чашм бубинад, дурустии талаффузи онро шунаваду имлои навишти бехатои онро мувофиқи нишондоди омӯзгор ёд гирад. Азхуд кардани луғату саволномаҳо ва иҷрои машқҳои грамматикӣ вазифаву супоришҳои хонагии хонандагон мебошад, ки бо назардошти ба таври айёнӣ дар муассисаи таълимӣ аз омӯзгорон азхуд карданашон, муваффақ шуда метавонанд. Дар ин самт омиле, ки мушкилии омӯзгору хонандаро метавонад осон гардонад, тахтаи электронӣ мебошад, ки мутаассифона, то ҳол на ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо чунин таҷҳизоти муосири замонавӣ таъминанд. Истифода аз воситаҳои техникаву технологияи муосири замонавӣ, алоқамандии онҳо бо шабакаи Интернет ва воситаҳои дохилии алоқа омили баланд бардоштани сифати таълим ва азхудкунии фанҳои таълимӣ мебошад.

 

Гулноза СУЛТОНОВА,

омӯзгори забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш