Соли дуюм аст, ки дар саросари ҷаҳон вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.
Боиси ифтихори мост, ки ин ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ бо ному хиради сиёсӣ ва андешаи башарпарваронаи Пешвои муаззами тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон иртиботманд мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳмисраи «Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре»-ро пайгирӣ карда, дар баробари он ки Ватани маҳбубамонро марҳила ба марҳила ободу шукуфотар месозанд, барои некуаҳволии мардуми олам чун як узви фаъоли сайёра ва фарзанди ғамхори Замин – Модар бо тадбирҳои созандаву инсондӯстона ҳиссагузорӣ менамоянд. Пешниҳодоти зиёди Сарвари кишвари мо дар давоми ду даҳсолаи охир вобаста ба амнияту ободии сайёра аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мақбул дониста шуданд. Ин ҳам ба бештар маъруф шудани ҷумҳурии мо дар арсаи олам ва ҳам ба боз ҳам боло рафтани обрӯю эҳтироми Пешвои миллатамон дар паҳнои ҷаҳон мусоидат мекунад. Вазифаи мо, омӯзгорон, аст, ки дар лаҳзаҳои мувофиқи машғулиятҳоямон бо шогирдон ва дар маҳфилу чорабиниҳои алоҳида аз ин хусус ба хонандагон маълумот диҳем ва онҳоро бо моҳияту аҳамияти ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ ошно намоем. Вобаста ба ин масъала, пеш аз ҳама, ба хонандагон оид ба об ҳамчун сарвати бузурги табиат ва асоси зиндагии инсоният маълумот ироа бояд кард. Шогирдони мо бояд хуб бидонанд, ки мавҷудияти ҳаёт дар сайёра ба об вобастагии комил дорад. Аз инсон то ба ҳама дигар мавҷудоти табиат – растаниву набототу ҳайвоноту парандагон ба об ҳамеша эҳтиёҷманданд ва бидуни об зиндагӣ карда наметавонанд. Қисмати зиёди организми аксар мавҷудотро об ташкил медиҳад. Об барои таъмини тозагию озодагӣ, шукуфтани гулу гиёҳҳо, рӯёндани ҳосил, обёрии заминҳо, шустани ашё… хеле зарур аст. Об яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои истеҳсоли неруи барқ мебошад. Дар фаъолияти бисёр дастгоҳҳои техникӣ низ об нақши муайян мегузорад. Об ҳаворо тоза, чангу ғуборро бартараф месозад. Дар таркиби об моддаҳое мавҷуданд, ки моро аз бемориҳои зиёде ҳифз менамоянд. Магар метавон бидуни истифодаи об хӯроке омода сохт?!
Аз ин ҷост, ки дар бораи об гурӯҳи калони хирадмандон суханони баланд гуфтаанд, шоиру нависандагон шеъру ҳикоя, достонҳо эҷод кардаанд.
Ба хонандагон азёд кардани як-ду шеър ва чанд зарбулмасалу мақолро дар ситоиши об супориш додан хеле муфид хоҳад буд. Шогирдонро ба он даъват бояд кард, ки қадри обро донанд, онро сарфакорона истифода баранд ва ҳаргиз ба ифлос шудани ин неъмати табиӣ роҳ надиҳанд. Ҳамчунин, ба хонандагон дар сатҳи муайян оид ба дарёву шаршараву кӯлу обанборҳои ватанамон маълумот додан муфид аст. Ба канори кӯл ё дарёчае ва ё ба мавзеи обшоре саёҳат ташкил кардану оид ба таассуроташон аз ин саёҳат ба хонандагон навистани иншо ё эссеро супориш додан тадбири пурсамару муассир хоҳад буд.
Ҳар як омӯзгорро мебояд, ки дар иртибот ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар барномаи кори худ чанд чорабинии судмандро ба нақша бигирад.
Наврӯзхотун МУЗОФИРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр