Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳи хориҷиён ба Тоҷикистон

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон  сарчашмаи зебоӣ буда, қисми ҷудонашавандаи раванди сайёҳӣ ба шумор мераванд, вале нисбат ба дигар минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ин ҳудуд бо мақсади сайёҳӣ камтар истифода шудааст.

Ҳарчанд минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон захираҳои бойи сайёҳӣ доранд (Помирро Шветсарияи 2-юм меноманд ва он аз тарафи мутахассисони Ташкилоти байналхалқии сайёҳӣ яке аз ноҳияҳои ояндадори сайёҳӣ шинохта шудааст), туризм дар ин минтақа дар дараҷаи ибтидоии инкишофи худ қарор дорад. Аз ин рӯ, имрӯз, махсусан, баъди кушода шудани шоҳроҳҳои автомобилгард бо давлати Чину Афғонистон ва воридшавии ҷумҳурӣ ба «Шоҳроҳи абрешим» яке аз роҳҳои босамари рушди минтақа ва беҳтар намудани некуаҳолии халқ рушди самараноки соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Мувофиқи пешбиниҳои Ташкилоти байналхалқии сайёҳӣ (ТБС), дар асри XXI рушди ин соҳа босуръат афзуд. Дар рушди иқтисодиёти бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, махсусан, давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва кӯҳистон саҳми даромади он зиёд мегардад. Ин имконият медиҳад, ки баландшавии сатҳи иҷтимоиву иқтисодиро дар минтақаҳои ақибмонда ва пеш аз ҳама, дар минтақаҳои кӯҳистон суръат бахшем. Бесабаб набуд, ки соли 2002 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид Соли рушди туризми экологӣ ва соли кӯҳ эълон гардид.

Имрӯз вобаста аз боигарӣ ва гуногунии захираҳои экотуристӣ минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон аз ҷумлаи минтақаҳои ояндадори Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтани табиати минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистонро сабаб дар он аст, ки дар ин ҷо кӯҳҳои сарбафалаккашида, пиряхҳои бузург, кӯлҳои баландкӯҳ, биёбонҳои алпӣ, намудҳои сершумори набототу ҳайвоноти эндемӣ ва реликтӣ, обҳои минералию нарзании хунук ва гарм, ҳайкалҳои таърихӣ-маданӣ, ландшафтҳои кӯҳӣ ва кӯҳию ҷангалӣ, ҳудуди беҳамтои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ - кӯҳӣ ва ғайра мавҷуданд. Дар ҳудуди минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон аз қадимулайём қитъаҳое вуҷуд дошатаанд, ки тибқи анъана муҳофизат карда мешуданд. Аз он ҷумла, мазорҳо (ҷойҳои муқаддас, мазорҳои муқаддас), дарахтони алоҳида, ҳудуди ҷангалҳо, чашмаҳо, обанборҳои начандон калони ҷолиби диққат, марғзорҳо, баромадгоҳҳои вижаи ҷинсҳои кӯҳӣ, инчунин, баъзе кӯлҳо, обанборҳо, обектҳои реликтии палеонтологӣ ва палеоботаникӣ, таҳшиниҳо ва ҷойҳои бавуҷудоварандаи маъданҳои геологӣ ва геоморфологӣ ва ғайраҳо. Истифодаи оқилонаи ин боигарии табиати минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон имконияти пурра қонеъ намудани талаботи сайёҳиро дорад.

 

Матлуба Қаландарова,

омӯзгори географияи

мактаби  №10-и

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш