Нашрияи Омӯзгор

Шукӯҳи ҷашни бостонӣ

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Наврӯзи оламафрӯз, ки барҳақ мақоми ҷаҳонӣ дарёфтааст, дар Тоҷикистони хуршедию биҳиштосо бо шукӯҳу тантанаҳои пурнишот ва дар сатҳи хеле баланд таҷлил гардид.

Ба вижа, барномаҳои идона ва корвони наврӯзӣ дар пойтахти мамлакат – зебошаҳри Душанбе ҳамагонро ба ваҷд оварданд ва шаҳомати ҷашни бостониро дучанд афзуданд.

Ҷашни Наврӯз дар радифи муассисаҳои зиёди таълимии кишварамон имсол дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба таври муассиру бошукӯҳ таҷлил карда шуд. Барномаи идонаи ин боргоҳи таълим хеле рангину дилнишин ва муҳтавоманд буд. Дар оғози ҷашн ректори донишкада, профессор М.Раҷабзода ҳамагонро табрик гуфта, зикр кард, ки Наврӯз аслу насаби тоҷикӣ дорад ва муаррифи тавонои миллати куҳанбунёди мост.

Шеърхонӣ ва лутфи сухани Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, назокати ашъори шоири тозагӯю соҳибистеъдод Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, ҳаҷви дилпазири адиби номвар Абдурауф Муродӣ ва ғазалиёти тару тозаи шоираи ӯзбекзабони Тоҷикистон Интизор, ки меҳмонони ҷашни Наврӯзи факулта буданд, ҳамагонро ба ваҷд оварданд.

Шеъру сурудхонӣ, намоиши саҳначаҳо, сабқатҳои рангин, иҷрои маросими гуногуни баҳорӣ, тавзеҳи амалии ҳунарҳои мардумӣ ва амсоли инҳо, ки ҳама аз ҷониби донишҷӯёни факулта иҷро гардиданд, тантанаҳои идонаро шукуҳмандтар бинмуданд.

Декани факулта, номзади илмҳои филологӣ Бахтиёри Абдураҳим дар хотима иброз дошт, ки тантанаҳои наврӯзӣ дар таълимгоҳ боз ҳам идома хоҳанд ёфт ва ба ифтихори Наврӯзи дилафрӯз баргузории боз чанд чорабинии дигар дар факулта ба нақша гирифта шудааст.

 

Н.Охунзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш