Нашрияи Омӯзгор

Меваи бенуқсони дарахти навбар

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

Фаъолияти инсон тамоми умр идома меёбад ва маҳз фаъолият мавқеи ҳар фардро дар ҷомеа муайян мекунад. Одамон мекӯшанд, ки дар тамоми марҳилаҳои зиндагиашон фаъолу пешрав бошанд, ба қадри имкону тавон ба халқу Ватани худ хизмат бикунанд.

Табиист, ки сатҳи фаъолияти ҳар шахс дар қатори омилҳои дигар ба неруи ҷисмонии ӯ низ алоқамандӣ дорад. Аз ин рӯ, дар ҷавонӣ кас бештар тавонманду кӯшову фаъол мебошад. Самараи фаъолияти ҷавонӣ комилтар аст. Вобаста ба ин мазмун бузургонамон фармудаанд:

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар

бехалал хоҳӣ амал,

Мева бенуқсон бувад, чун аз

дарахти навбар аст.

Донишманди бузурги немис И.Гёте навиштааст:

«Ҷавонӣ манзиле аст, байни кӯдакӣ ва пирӣ, ки рӯзгори некбахтӣ ва комёбии зиндагӣ дар он ҷо мегузарад». Ҷавонӣ қудрат, иродат, ҷасорат ва тавоноист. Аз ин ҷост, ки дар кишварҳои мутамаддини олам ба ҷавонон ва неруи онҳо пайваста рӯи ниёз меоваранд. Далели барҷастаи ин гуфта Тоҷикистони соҳибистиқлоли мост. Ҷавонони ҷумҳурии мо ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд, паҳнои фаъолияташон бавусъат аст ва дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар қарор гирифтаанд. Ҳанӯз соли 1997 дар мулоқот бо ҷавонон Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон гуфта буданд, ки «ба ҷавонон бовар карда, ба онҳо вазифаҳои масъулро супоридан лозим аст».  Воқеан ҳам, дар давоми солҳои истиқлолият ҷавонон ҳар чӣ бештар ба вазифаҳои масъули давлатӣ ва ба корҳои роҳбарӣ ҷалб гардиданд.

Пешвои миллат мунтазам таъкид ва даъват менамоянд, ки ҷавонон бояд пайваста омӯзанд, маҳорату малакаашонро  сайқал бахшанд, таҷриба аз худ намоянд. Ҷавонон бояд дар хусуси дар ҷомеа пайдо кардани мавқеи сазовори худ андеша карда, ба таври возеҳ дарк намоянд, ки бо меҳнати ҳалол на танҳо зиндагии шоистаи худ, балки рушду ободии Ватани азизи худро таъмин мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз марҳилаи аввали истиқлолияти давлатӣ бо мақсади фароҳам овардани муҳит ва шароити муосир барои фаъолияти бавусъати ҷавонон Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардида буд. Инчунин, барои татбиқи ҳаматарафаи сиёсати давлатии ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода шуд.

Натиҷаи чунин ва дигар тадбирҳои ғамхорона аст, ки ҷавонони муосири Тоҷикистон хеле фаъол гаштаанд, ҳушёру зираканд, пайваста илму дониш меомӯзанд ва ба Ватани маҳбуб содиқона хизмат мекунанд. Дигар ҷавонони моро ҳар гуна неруҳои иртиҷоӣ, ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва азҳобу гурӯҳҳои худкомаву тамаъҷуву тахрибкор ба доми фиреби худ кашида наметавонанд.

Дар Паёми худ ба маҷлиси олӣ (26.12.2018) Пешвои миллат бори дигар ба масоили марбут ба ҷавонон дахл карда, аз ҷумла, зикр карданд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд».

Ҷавонони саодатманди кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон мекӯшанд, ки ҷавобан ба ин ҳама таваҷҷуҳу ғамхориҳо фаъолияташонро боз ҳам вусъат мебахшанд.

Нилуфар Раҷабова,

мутахассиси раёсати таълимӣ –

методии ДҶТИБКСМ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш