Иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омили муҳимтарини паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳдошти рушди иҷтимоии ҷомеа маҳсуб меёбад.
Гузаронидани маъракаҳои номгузо-рӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирон ва ғайра ба буҷаи оила таъсири манфӣ мерасонанд. Акнун дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷро мешавад. Ҳамчунин, маросимҳои дафн ва азодорӣ, аз ҷумла, маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Ҳамзамон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла, забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта, онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд.
Ба қонун меъёри нав пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он аъзои ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд. Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросимҳо ҷавобгарӣ муқаррар карда шуд, ки мувофиқи он ба шахсони воқеӣ ба андозаи 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
Ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» тағйирот ҷиҳати ворид намудани меъёрҳо оид ба манъи ба муассисаҳои таълимӣ бо мошин омадани хонандагон ва донишҷӯён пешбинӣ гардидаанд. Дар сурати ба муассисаҳои таълимӣ бо мошин омадани хонандагон ва донишҷӯён онҳо аз муассисаҳои таълимӣ бе ҳуқуқи барқарор кардан хориҷ карда мешаванд.
Қонунҳои мазкур барои пешгирӣ ва кам кардани хароҷоти барзиёд ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, бехдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунанд.
Табаралӣ НОЗИМОВ,
устоди ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр