Нашрияи Омӯзгор

Туҳфаи арзанда

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дар доираи сафари кории меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид аз фаъолияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос гардид.

Нуриддин Саид саҳни донишгоҳ, роҳраву даромадгоҳи ин муассисаро тамошо карда, ба ҷараёни корҳои ободонӣ баҳои баланд дод. Таъмиру бунёди толори варзишӣ пурра иҷро гардида, дар он мусобиқаҳои футболу баскетбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш гузаронида мешаванд. Аснои боздид аз ҷараёни корҳои бунёдӣ вазири маориф ва илми кишвар ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дод.

Айни замон корҳои ободониву созандагӣ дар донишгоҳ бомаром ҷараён дорад. Сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти банақшагирифташуда дар донишгоҳ туҳфаи хубу арзанда хоҳад буд барои устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии мамлакат.

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ вазири маориф ва илми кишвар афзуд, ки корҳои бунёди ошхонаву бинои таълимӣ, хобгоҳ барои донишҷӯён ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои устодону кормандон бояд дар муҳлатҳои нишондодашуда бо сифати баланд анҷом ёбанд.

 Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддини Саид нақши устодони донишгоҳро дар тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф назаррас арзёбӣ карда, барои дар сатҳи баланд истиқбол кардани ҷашни 30 - солагии Истиқлолият ва бо дастовардҳои ободониву созандагӣ, таълимӣ ва илмиву тадқиқотӣ пешвоз гирифтани он ба иштирокдорон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Нуъмон  Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш