31 марти соли равон дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои кӯдакистони давлатии “Парасту” - ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии кӯдакистони мазкур зиёда аз 1 гектарро дар бар гирифта, аз се бино иборат мебошад.
Акнун дар ин муассисаи наву замонавии томактабӣ 500 нафар фарзандони сокинони шаҳри мазкур дар 14 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Бо ба фаъолият шурӯъ намудани ин кӯдакистон 38 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардидаанд. Дар ин ҷо раванди таълиму тарбия бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, мураббиёнаш ботаҷриба ва соҳибихтисос мебошанд.
Ҳангоми таъмиру навсозӣ ҳуҷраҳои кории маъмурият, ҳамшираи тиббӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот, ошхона ва хонаи шустушӯи либос низ ба инобат гирифта шудааст. Кӯдакистон ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад, ки ин барои муътадил нигоҳ доштани ҳуҷраҳо дар фасли зимистон мусоидат менамояд.
Дар саҳни ҳавлии кӯдакистони “Парасту” 14 айвонча мавҷуд аст, ки дар он машғулиятҳо гузаронида мешавад. Шинонидани дарахтони гуногуни ороишиву ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ, сафолак ва асфалтпӯш намудани назди бино ва роҳравҳои он аз ҷумлаи дигар корҳои ободонӣ ба ҳисоб мераванд. Мавҷуд будани майдончаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо аломатҳои ишоравӣ аз хусусияти дигари хоси кӯдакистон ба ҳисоб меравад, ки тариқи он кӯдакон метавонанд қоидаҳои ҳаракат дар роҳро аз худ намоянд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр