Нашрияи Омӯзгор

Боғчаи бачагонаи «Гули наврӯзӣ» дар шаҳри Бӯстон

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

30 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Гули наврӯзӣ”-ро, ки аз ҷониби соҳибкорон таъмиру навсозӣ шудааст, дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди кӯдакистони мазкур дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ беҳтарин туҳфаи Пешвои миллат ба сокинон ва кӯдакони шаҳр гардид.

Дар ин ҷо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, барои таълиму тарбияи 240 нафар пешбинӣ гардидааст. Акнун дар ин муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, фарзандони сокинони шаҳр дар 7 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта мешаванд.

Дар кӯдакистон утоқи тиббӣ, толори мусиқӣ ва ошхона мавҷуд буда, раванди таълиму тарбия бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад.

Масоҳати умумии кӯда-кистон 1434 метри мураббаъро дар бар гирифта, дар кӯтоҳтарин фурсат азнавсозӣ гардидааст.

Масоҳати худи боғча 0,3 гектарро ташкил намуда, дар саҳни ҳавлии он беш аз 10 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки ба ҳусни зоҳирии бино зебоии дигар зам намудааст. Қобили қайд аст, ки ҳангоми таъмиру навсозии бино сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Аснои шиносоӣ бо синфхонаҳои кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкоронро саривақтию муфид арзёбӣ карда, аз мураббиён даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид, баҳри дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ояндасози миллат бо таваҷҷуҳи бештар саҳми арзанда гузоранд.

Айни замон “Гули наврӯзӣ” дар шаҳр ягона муассисаи таълимии томактабие ба ҳисоб меравад, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст сохта шудааст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш