Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

30 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро, ки бо тарҳи хеле зебои миллӣ таъмиру таҷдид гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Қасри ҷавонон аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 700 ҷойи нишаст мебошад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи биноро дар рӯзҳои таҷлили иди баҳору зебоӣ - Наврӯзи хуҷастапай ва истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони вилояти Суғд табрик намуданд.

Сарвари давлат барои қадршиносию ҷовидон сохтани хотираи шоири маҳбуб ва муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ ин қасрро ба номи ӯ гузоштанд.

Бинои Қасри ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд дар масоҳати 0,85 га қомат афрохта, масоҳати умумии он 2273 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои замонавӣ дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ мебошад.

Дар таҳхонаи қаср синфи компютерӣ, забономӯзӣ, чевархона, маҳфили карнайнавозон, толори гурӯҳи рақсии ансамбли фолклорӣ - этнографии фалак ҷойгир аст.

Дар ошёнаи дуюм маҳфили ихтироъкорон, меъморон, инчунин, омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, толори калони барҳавои намоиш барои 700 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм маҳфили рассомон ҷойгир мебошанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш