Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонони Тоҷикистон соҳибистеъдоданд

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд                  30.03.2019

Фарзандони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Соли дуюм аст, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президент ва Нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар бораи ҷашни 30–солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона заҳмат кашида, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи бузурги таърихӣ раванди ободониву бун-ёдкориро вусъат бахшида истодаанд.

Мехоҳам таъкид намоям, ки таҷлили сазовори ин ҷашни мубораки миллӣ барои густариши ҳисси ватандорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳанги миллат, таҳкими ваҳдату ягонагӣ миёни сокинони мамлакат ва ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ниҳоят муҳим мебошад.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои зикршуда дар вилояти Суғд ба истиқболи сисолагии истиқлолияти давлатӣ сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 6500 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатманд беш аз 2200 иншооти таъйиноти гуногун бунёду азнавсозӣ ва ба истифода супорида шудааст.

Дар байни онҳо иншооти варзиш, қасру марказҳо ва дигар муассисаҳои марбут ба фаъолияти ҷавонон ҷойгоҳи хосса доранд, ки бешубҳа, ба рангоранг гардидани ҳаёти ин қишри ҷомеа, обутоби ҷисмонӣ ва рушди маънавии онҳо мусоидат мекунанд.

Маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ пешбинӣ гардидааст, намунаи заҳмати мардуми вилоят ва талоши фарзандони ҳимматбаланди шаҳри Хуҷанди бостонӣ мебошад.

Бо истифода аз фурсат, ба фаъолият оғоз кардани онро ба ҷавонони вилоят табрик мегӯям ва ба муҳандисону бунёдкорон ва ҳамаи шахсоне, ки барои азнавсозии ин бинои зебо, инчунин, ободии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он саҳм мегузоранд, миннатдории самимӣ иброз менамоям.

Маркази ҷавонон, ки мо ҳоло мавриди истифода қарор додем, ҳанӯз соли 1975 ҳамчун кинотеатр таъсис ёфта, соли 1999 ба маркази ҷавонон табдил дода шуда буд.

Табиист, ки бо гузашти чандин даҳсола бинои марказ куҳнаву фарсуда шуда, зарурати азнавсозиву ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонидани он пеш омада буд.

Баъди азнавсозӣ бинои муассиса ба талаботи меъёрҳои замонавӣ мутобиқ гардонида, дар он беҳтарин шароиту имкониятҳо барои ҷавонон муҳайё карда шудаанд.

Дар маркази имрӯза бо мақсади ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар ва забономӯзӣ маҳфилҳои гуногун, курсҳои азхудкунии технологияҳои муосир ва забонҳои русиву англисӣ фаъолият мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар чунин марказу муассисаҳо ташкил намудани маҳфилҳо вобаста ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба касбомӯзии ҷавонон ва рушди онҳо мусоидат мекунад.

Зеро ҳунарҳои мардумӣ воситаи беҳтарини муаррифии мероси моддӣ, урфу одат ва таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, ба роҳ мондани чунин корҳо, хусусан, дар доираи иқдомоти “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бисёр муҳим мебошад.

Мо бояд анъанаҳои миллӣ, мероси бойи маънавию фарҳангии халқамонро ба хотири рушди ҳарчи бештари маънавиёти ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон васеъ ва самаранок истифода намоем.

Тавре ки ман борҳо гуфтам, Тоҷикистон кишвари ҷавонон мебошад ва имрӯз қисми зиёди неруи зеҳнии онро дар тамоми соҳаҳо ҷавонон ташкил медиҳанд. Натиҷаи фаъолияти онҳо дар раванди бунёдкориву созандагии Ватани азизамон равшан эҳсос мегардад.

Дар баробари ин, зарур аст, ки бо дарназардошти шароити бисёр мураккаби ҷаҳони муосир ҷавонони мо дар мубориза бар зидди ҳар гуна андешаву афкори зарарноку хатарбори гурӯҳҳои ба суботи ҷомеа таъсиргузор муттаҳид гардида, манфиатҳои халқу миллат ва Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро ҳифз намоянд. Дар ин самт, зарур аст, ки ҷавонон дар зери парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, худогоҳии миллӣ, гиромидошти арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба хотири ҳимояи дастовардҳои он муттаҳиду сарҷамъ бошанд.

Дар робита ба ин ва бо дарназардошти он, ки марказҳои ҷавонон на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мавҷуданд, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки дар се соли оянда дар заминаи нақшаҳои қабулшудаи ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша доир ба ҳалли ин масъала чораҷӯӣ намоянд.

Зеро барои давлати соҳибистиқлоли мо яке аз ҳадафҳои муҳимтарин фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, дар қалбу шуури онҳо бедор кардани шавқу рағбати илмомӯзӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳамчун шахсони сазовори оянда ба камол расонидани онҳо, ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намудани ҳамаи табақаҳои ҷомеа, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад.

Ҳукумати мамлакат барои муҳайё кардани шароити муосир барои наврасону ҷавонон ва ба талаботи замони пешрафта мутобиқ гардонидани инфрасохтори муассисаҳои соҳаи кор бо ҷавонон минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.

Дар раванди пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, ҳамчунин, зарур аст, ки усулҳои боз ҳам муассири ҳамкориро тақвият бахшида, ҳамоҳангсозии фаъ-олияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон мустаҳкам карда, ҷавонон ба корҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ ҳарчи бештар ҷалб карда шаванд, зеро чунин тарзи кор имконият медиҳад, ки пешниҳодоти ҷавонон ҳарчи бештар дастгирӣ ёбанд, мушкилоти мавҷудаи онҳо сари вақт баррасӣ гардида, роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас гарданд.

Итминони комил дорам, ки шумо, ҷавонони азиз, чун насли ояндасоз вазифаю масъулияти худро дар назди ҷомеа ва давлат хуб дарк намуда, бо омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ дар ояндаи наздик чун мутахассисони соҳибмаълумоту соҳибистеъдод, номбардорони давлату миллат ва ҳомиёни воқеии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ хоҳед кард.

Бори дигар ба фаъолият оғоз кардани маркази ҷавонони ба номи Лоиқ Шералиро ба ҳар яки шумо табрик гуфта, бароятон дар амалӣ шудани мақсадҳои наҷибу олиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, ҷовонони азиз!


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш