Нашрияи Омӯзгор

Насим Раҷаб: «Нависанда, то ҳаст, менависад…»

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

Суҳбати мо бо адиби маъруф Насим Раҷаб  собиқадори адабиёту матбуоти тоҷик, муаллифи ҳикояҳои зиёд ва 20 қисса барои бачаҳову наврасону ҷавонон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, дар бораи асарҳояшон ва нақшаҳои эҷодии ояндаашон аст…

-Устод, омадам, ки дар айёми Наврӯз аз ҳолу аҳволатон пурсам, аз суҳбати Шумо  баҳравар гардам, соате дар олами эҷодиёти як нависандаи хубамон бошам…

- Ташаккур, нури дида. Аз саломатиам пурсед, шукр, ба пои худ равонем. Ману модарашонро фарзандҳо танҳо намегузоранд.

 Дар куҳансолӣ одам дар хобу рӯъё бештар ба давраи бачагиву ҷавониаш бармегаштааст. Маҳаллаамон Мирзо Пӯлодро, ҳамсинфонаму дӯстони ҳаммаҳаллаам, шарикдарсони самар-қандиам, онҳоеро, ки дар ин шаҳр –дар зодгоҳам мешинохтам, хоб мебинам. Лаҳзаҳои бо онҳо будан, суҳбатҳову баҳсҳо, нишастҳое, ки бо онҳо мекардем, ба ёд меоянд. Кӯчаву гузарҳои Самарқандро ёд мекунам. Охир, овони кӯдакиву ҷавониам то хатми донишгоҳ дар ҳамин шаҳр гузаштааст.

-Пас, Наврӯзи он солҳои Самарқандро хуб дар ёд доред, устод…

-Бале, Наврӯзи кӯдакиву ҷавониамро…

Самарқанд чанд идгоҳ дошт, дар Наврӯз мардум барои тамошои ҳунари дорбозҳову гӯштигирон, дигар ҳунармандон ба ин ҷойҳо меомаданд. Яке аз онҳо мавзеи Афросиёб буд. Мо ба он ҷо мерафтем. Дар хонаамон, рӯи дастархони наврӯзӣ ҳатман харбуза буд, ки падарам онро аз тирамоҳ барои ид нигаҳ медоштанд. Модарам ҳарисаву дигар хӯрокҳои махсуси ин идро мепухтанд. Ҳамсояҳо ба хонаи ҳамдигар аз хӯришҳои наврӯзӣ мефиристоданд. Мардуми дорои шаҳр дар дегҳои калон хӯрок пухта, дарвозаҳои худро калон кушода мемонданд ва ҳаққу ҳамсоя, мардуми раҳгузарро барои тановули он даъват мекарданд. Чанд оила якҷоя шуда суманак мепухтанд. Ба хонаи арӯсшавандаҳо аз тарафи оилаи домодшавандаҳо ҳатман идона мефиристоданд… Ман ҳам бо бачаҳо дар омад-омади баҳор «Бойчечак!» - гӯён ба ҳавлиҳои ҳаммаҳаллаҳоямон рафтаам. Наврӯзи Самарқанд чунин дар хотирам мондааст.

-Хотираи ширин…

-Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд, соли 1960 ба Сталинобод омада, дар идораи рӯзномаи  «Пионери Тоҷикистон» ба кор даромадам. Баъди 55 сол аз ҳамин ҷо ба нафақа рафтам. Мавзӯъҳои баъзе қиссаҳою ҳикояҳоям барои бачаҳову наврасон, масалан, қиссаҳои «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Хаймае дар Хами Раз», «Фара, Фира ва Зара», «Муаттар», «Марвориди Эрондухт» – ҳама ҳосили таҷрибаи ҳамин солҳои корам дар рӯзнома ва сафарҳоеанд, ки ба онҳо аз тарафи идора рафтаам. Метавонам гӯям, ки баракати эҷодам аз баракати ҳамин рӯзномаи мактаббачаҳо аст.

-Аз қиссаи «Ҷонам фидои яхмос…»  маълум, ки ҷои воқеа Самарқанд, маҳаллаву бозори ин шаҳр, чойхонаи шарқӣ аст. Тимсоли қаҳрамон  худи Шумо дар овони наврасӣ ҳастед?

-Бале, воқеаҳои ин қисса қисмати хурде аз саргузашти ману ҳамсолонам дар он гузаштаи дури солҳои наврасӣ аст. Ҳамроҳи қаҳрамони асосии «Ҷонам фидои яхмос…» дигарон  низ амал мекунанд - ҳамсолонаш, калонсолон. Аммо тимсоли ин қаҳрамони асосӣ на танҳо ман, балки чандин бачаҳои давраи ҷангу баъди ҷанг – солҳои чиҳилуми асри гузашта мебошанд, ки дар ҳар ҷо кор мекарданд, бо роҳи ҳалол ризқу рӯзӣ меёфтанд.

-Қиссаи «Муаллими кӯча» тарғибкунандаи меҳнату ҳунари ҳалол, дарси кушоди зиндагист барои наврасон. Қиссаи «Вақте ки театр мегирист», ки соли 1993  соҳиби Ҷоизаи адабии Иттифоқи навсандагони Тоҷикистон шуд, боз ҳам талқини меҳнат, виҷдони соф, зебоипарастӣ, мақсад гузоштану саъйи ба он расидан, тарбияи наврасон дар ҳамин рӯҳия  аст…

-Мақсади ман аз иншои қиссаи «Вақте ки театр мегирист», албатта, ҳамин буд. Боз, хостам ба воситаи ин асар хонандаамро  бо зиндагии Самарқанди охири солҳои панҷоҳуми асри бист шинос кунам. Аз ин сабаб, ба  Аброр – қаҳрамони қиссаи «Вақте ки театр мегирист» - бачаи меҳнатие, ки театрро дӯст медораду ба пули аз меҳнати ҳалол ёфтааш бегоҳиҳо ба тамошои намоишҳо меравад,   имкон додам, ки  «аз дасти хонандаи ҳамсолаш – хонандаи қисса гирифта бо худ ба бозор, ба театр барад, кӯчаҳои Самарқандро давр занонад».

-Яке аз қиссаҳои хуби солҳои охир навиштаи Шумо бо номи «Даргаҳи меҳру вафо» - дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти устод Садриддин Айнӣ (дар ҳавлиашон дар шаҳри Самарқанд)соли 2011 ба табъ расид ва  соли 2013 сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардид. Воқеан ҳам, заҳмати кашидаи Шумо дар навиштани ин китоб арзандаи ин ҷоиза буд…

-Ташаккур. Бо маслиҳати устод Муҳаммадҷон Шакурӣ қарор додам ин қиссаамро барои наврасону ҷавонон нависам. Асарро метавон ҳуҷҷатӣ номид, зеро ҳамаи онҳое, ки дар сужаи қисса ҳастанд, одамони воқеианд ва бо номҳои аслии худашон омадаанд.

-Дар китоб лаҳзаи ба бозор омада чакка харидани устод тасвир мешавад. Ба ман боре гуфта будед, ки устод Айниро дар бозори Самарқанд дидаед. Ҳамон лаҳзаро тасвир кардаед?

-Ин лаҳзаро  дар китоб аз гуфтаи Абдукарим, ҳамдарсам, ки директори Хона-музеи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд буд, тасвир кардам.  Аммо ман дар бозор ба мағозаи маснуоти оҳанӣ даромадани устодро дида будам. Солҳои 1947 -1948 буд. Он вақт дар Самарқанд  ба мардҳо пӯшидани шиму кастуми матояш аз нахи зағирпоя (лён) истеҳсолшуда расм шуда буд ва онро «каламенка» мегуфтанд. Устод Айнӣ дар тан «каламенка» доштанд. Бо дигар одамоне, ки назди мошини устод ҷамъ шуданд, истода, ман ҳам устодро дидам. Албатта, хомӯшона, зеро ман, писабачаи 12-13- сола, ҷуръати бо он кас гап заданро надоштам.

-Устод, Шумо барои ҷавонону калонсолон низ чанд қисса  навиштаед. «Гуноҳамро набахш, Парвардигорам!», «Хаймае дар Хами Раз», «Ишқи духтари яҳудӣ», «Тахти нигор», «Ғавғои Риш»… Бароятон навистан барои калонсолон душвор аст ё барои бачаҳо?

-Дар ҳар ду маврид заҳмат сангин аст, агар хоҳед, ки як ҳикоя ё як қиссаи писанди хонанда эҷод шавад.

-Соли 2011 китобатон бо номи «Ҳикояҳо аз ҳаёти адибон» чоп шуд. Шумо дар он хонандаи наврасро бо шахсияти 53 адиби кишвар, хидмати онҳо дар равнақи адабиёти тоҷик на ба таври хронологӣ, балки бо навиштани лавҳаву ҳикоят, мусоҳибаву хотирот ошно намудед. Ин китоб бо супориши нашриёте «ба дунё омад», ё бо хоҳиши дил?

-Ин ҳикояҳо аз рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» - «Анбоз» ҷамъоварӣ шудаанд ва дар солҳои гуногун навиштану барои чоп тайёр намудани онҳо чун мудири шуъбаи адабиёти ин рӯзнома вазифаам буд.  Маҷмӯа, албатта, бо хоҳиши дил ва бо мусоидати директори онвақтаи Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявӣ Қурбон Авғонов омода шудаву ба чоп расид. Хостам, ки он дар китобхонаҳои мактабӣ дастраси муаллимону талабаҳо гардида, дар шинохти адибони тоҷик дастёри онҳо бошад.

-Чаҳор сол пеш, вақти таҷлили ҷашни мубораки 80-солагиатон, гуфта будед, кори эҷодиатонро идома дода истодаед.

-Албатта, нависанда то ҳаст, менависад. Агар таи солҳои корам дар рӯзнома ва бо навиштани қиссаҳоям барои тарбияи фарзандонамон саҳме гузошта, дар ин ҷода барои муаллимону волидон кумаке расонида бошам, вазифаи худро чун як инсон, як қаламкаш иҷрошуда меҳисобам, аз зиндагиаму пешаи интихобкардаам розӣ хоҳам буд.

Дар бораи корҳои солҳои охир анҷомдодаам бошад, гуфтаниам, ки   як маҷмӯаи ҳикояҳои маърифатиамро барои мактабхонҳои синни хурд бо номи «Гурба  мактуб мехонад» чоп кардам. Се маҷмӯаи ҳикояҳои маърифатии худам ва дигар нависандагони бачаҳоро тартиб додам. Имкон ёфта онҳоро чоп карданиам. Агар саломат бошем,  ғайрату қувват аз мо рӯй нагардонанд, нияти иншои як қиссачаеро дорам, ки  амалӣ мегаштагист…

 

Мусоҳиб

Талъат Нигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш