Устод Айнӣ аз барҷастатарин намояндагони адабиёти пуровозаву муҳташами тоҷик буда, 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиҷдувони аморати Бухоро чашм ба олами ҳастӣ гузоштааст.
Ӯ адабиёти давраи навини тоҷиконро (пас аз Инқилоби Октябр) асос гузошта, шуҳрати ҷаҳонии адабиёти моро дучанд намуд. Устод Айнӣ то соли 1920 зиндагии пуразобу машаққатбореро аз сар гузаронида бошад ҳам, пайваста ба омӯзиш машғул шуда, аввалин қадамҳои хешро ба арсаи адаб гузошта, шеърҳои фаровон ва китобҳое чун «Таҳсиб-ус-сибён» навиштааст. Рӯзгорони пурҳаводиси устод дар асари барҷастааш «Ёддоштҳо» ба таври васеъ ва хеле муассир ба риштаи тасвир кашида шудааст. Фаъолияти ӯ доманадору вусъатманд мебошад ва назму наср, асарҳои таърихӣ, адабиётшиносию забоншиносӣ ва монанди инҳоро фаро мегирад. Устод ба ҷодаи эҷод ҳамчун шоир қадам гузошта, ғазалу мухаммасу рубоиҳо эҷод кард ва пас аз Инқилоби Октябр дар ситоиши озодию осудагӣ, дар дастгирии аҳли заҳмат шеъру достонҳо гуфт. Аввалин китобҳояш низ маҷмӯаҳое иборат аз ашъор буданд. Баъдтар устод Айнӣ асосан рӯ ба наср оварда, ин воқеаи ҳаёташро худ чунин шарҳ додааст: «Чорчӯбаи вазну кофия барои ифодаи мазмунҳое, ки инқилоб илҳом мекард, тангӣ намуд ва ё ин ки қобилияти шеърии ман аз ифодаи он мазмунҳо дар либоси шеър оҷиз омад ва даромадам ба насрнависӣ». Ҳамин тавр, устод нахустэҷодкори насри реалистӣ (реализми сотсиалистӣ) ва жанрҳои мухталифи он дар адабиёти тоҷик гардид.
Сарчашмаи асосии пайдоиш ва ташаккули реализми устод Айнӣ худи ҳаёт ва таҷрибаву ҳодисаҳои зиндагӣ буд. Дар солҳои 20-уму 30-юми садаи ХХ бо тақозои замон ӯ мақолаҳои публитсистии зиёде навишта, мардумро ба саводомӯзӣ, бедорию фаъолиятмандӣ, ба донистани таърихи худ ва эҳтироми бузургони миллат, дастовардҳои миллӣ даъват намуд. Дар ин давра танҳо дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» беш аз 60 мақолааш ба табъ расид. Аввалин қиссаи адабиёти давраи навини тоҷик «Ҷаллодони Бухоро» (1920) ва аввалин романи тоҷикӣ дар ин давра «Дохунда» (1930) ба қалами устод Айнӣ мутааллиқанд. Ҳамчунин, қиссаҳои «Одина», «Мактаби куҳна», «Ятим», «Марги судхӯр», қиссаҳои таърихии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», «Муқаннаъ», китоби чорҷилдаи «Ёддоштҳо», романи «Ғуломон», рисолаҳои адабиётшиносӣ, баргардону таҳияву тарҷумаҳои фаровон маҳсули заҳмати тӯлониву пурбаракати устод мебошанд. Нависандаи забардаст зулму истибдодро сахт маҳкум ва саодатмандии мардуми меҳнатқарину одиро ситоиш мекунад. Ин маром ва мавзӯи меҳварии тамоми эҷодиёти бавусъати ӯст. Дар «Ёддоштҳо» устод ҳаёти халқи тоҷикро дар солҳои 80-уму 90-уми асри 19 бо тамоми паҳлуҳояш хеле воқеиву рангин тасвир кардааст ва аз ин ҷост, ки муҳаққиқони адабиётшинос ин асарро «энсиклопедияи рӯзгори тоҷикон дар охири асри 19» номидаанд.
Дар эҷодиёти бадеии устод Садриддин Айнӣ қиссаи ҳаҷвии «Марги судхӯр», ки соли 1939 ба нашр расидааст (соли равон ин асар 80-сола мешавад), мавқеи махсус дорад. «Марги судхӯр» маҳорати олии ҳаҷвнигории устодро собит кард ва барои жанри ҳаҷв дар адабиёти навини мо роҳи тоза боз кард. Қаҳрамони ин қисса судхӯри гузароест, ки нафси бетаг дорад ва «хуни камбағалону эҳтиёҷмандонро мемакад».
Ӯ Қорӣ-ишкамба ном гирифта ва нависанда образи ин судхӯрро чунон тасвир карда, ки хонанда зуд нисбат ба ӯ нафрату эътироз пайдо мекунад. Ҳам афту андом, ҳам либоси пурчирк, ҳам рафтору гуфтор, ҳатто ғаму хурсандиҳои ин муфтхӯри мумсик кароҳатбор аст. Қорӣ-ишкамба барин ашхоси манфур доғи ҳар ҷомеаанд, онҳо аслан зинату тинати инсонӣ надоранд. Судхӯри ҳиллагар бо ҳазору як роҳ «хуни мардум мемакад», сарвати зиёд гирд меоварад, вале дар ниҳоят ногаҳон мемираду он ҳама дороиҳои мумсикона гирд овардаашро ба дигарон вомегузорад. Оқибати ҳама гуна аъмоли баду кирдори манфур ҳамин аст. «Бори каҷ ба манзил намерасад». Марги Қорӣ-ишкамба маънои заволи ҳамоқату разиливу беинсофӣ ва муфтхӯриро дорад…
Барномаи адабиёти тоҷик дар мактабҳо барои омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти устод С.Айнӣ соатҳои кофӣ ҷудо кардааст. Омӯзгорон бар он бояд бикӯшанд, ки хонандагон дар бораи ин нависандаи барҷаста ва ифтихори миллат маълумоти фаровон дошта бошанд. Устод Бозор Собир барҳақ гуфтаанд:
Умри Айнӣ аз барои халқ
сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ
шаҳодатнома шуд.
Зебунисо МАЗАБШОЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №70, шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр