Нашрияи Омӯзгор

Ризқи худ соҳибҳунар аз санг пайдо мекунад

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

Яке аз мавзӯъҳое, ки адибон аз қадим ба он таваҷҷуҳи хос доштанд, тавсифи ҳаёти шаҳриён ва аҳли ҳунар буд. Дар замони эҳёи Аҷам, ки аз даврони салтанати Оли Сомон оғоз мегардад, шоирон ба аҳли ҳунар ва ҳунармандон, савдогарон, намояндагони касбу кори гуногун қасида, ғазал, қитъаҳои шеърӣ ва ғайра бахшидаанд. Ин гуна шеърҳо “Шаҳрошӯб” ё “Шаҳрангез” ном доштаанду бо мазмуни худ гӯё ба шаҳр ғулғула меандохтанд.

Дар асри XVII шаҳрошӯб дар эҷодиёти Сайидои Насафӣ  ба жанри махсус мубаддал гашт, дар он ба тариқи иҳом ва ҳазлу шӯхиҳо, зарофати хос, ҳаҷв фикрҳои гуногуне, ки ҳадафашон бачаҳои ҳунарманд мебошанд, акс ёфтааст. Ба қавли олимон, аз шаҳрошӯб мо дар бораи ҳунарҳои замони шоир маълумоти этнографӣ низ мегирем. Шаҳрошӯб ба адабиёти аҳолии шаҳр мансуб буда, доираи мавзӯъҳои адабиёти классикиро, ки дар асрҳои XV-XVII ва баъд аз он ҳам танг шуда буд, васеъ менамояд. Қаҳрамони лирикии шаҳрошӯб худи шоир, қаҳрамони эпикиаш шахси маҳбуб – ҳунарманд аст, ки дар шеър бо номҳои “дилбар”, “нигор”, “шӯх”, “бут”, “моҳ”, “ҷавон”, “писар” баъзан худи шоир (ман), бо номи худи касбу ҳунари муайян ёдовар мешавад.

Сайидо, аз ҷумла, дар бораи чарчинфурӯш, заргар, ҳалвогар, сартарош, меъмор, шоир, арзанкор, воиз, айнаксоз, наҷҷор, даллоли қӯноқ (меҳмондор), бодбаракбоз, сиркофурӯш, бофанда, пӯстиндӯз, нонфурӯш, деворзан, кабобӣ, танбӯрӣ, карноӣ, сурноӣ, хоркаш, подачӣ, осиёбон, деҳқон, ҷуворикор, патакфурӯш, гилкор, сурмакаш, сеторӣ, шаммоӣ (шамъсоз), мактабдор, муаззин, гӯштингир, наддоф, испандсӯз ва ғайра бо ҳусни таваҷҷуҳ сухан меронад. Гуфтан бамаврид аст, ки дар шаҳрошӯбҳо ба ҳунар чун як соҳаи истеҳсолот ва қисми муносибатҳои иҷтимоӣ ва қишри табақавии чомеа баҳо дода намешавад.

Қаҳрамони лирикии шаҳрошӯб, ки худи шоир аст, нисбат ба соҳибони касбу ҳунар, ки объекти мадҳу ҳазл ё ҳаҷви шоир аст, доим муҳтоҷ, камбағал, ғамгин, аз меҳру муҳаббати мамдуҳи худ маҳрум ба қалам дода мешавад. Шоир ҳамеша ошиқ, банда ва ғуломи ҳунармандон аст. Дар бораи заргар ӯ мегӯяд:

Ҳар ки як дам ҳамдами он

дилбари заргар шавад,

Санг гирад, лаъл гардад, хок

гирад, зар шавад.

Дилбари заргар шабе бигзошт по

дар масканам,

Омаду андохт тавқи бандагӣ дар

гарданам.

Дар ин асар шоир аз вожаҳои хоси заргарӣ – дам, санг, лаъл, зар, қаллоб, сим, ҷӯш овардан, ҳалқа, тавқ истифода менамояд, ки моҳияти касбу кори заргарро равшан месозад.

Шеъри дилкаши Сайидо дар бораи арзанкор:

Шӯхи арзанкор ҳар дам қадди

худ таҳ мекунад,

Аз замин гар арзане ёбад, бар маҳ

мекунад.

Гуфтамаш, эй моҳи арзанкор, бо

ман дор гӯш,

Будаӣ дар аҳди худ гандумнамои

ҷавфурӯш.

Арзанкор аз замин хам шуда, арзанро медаравад, онро хирман карда, боз хам шуда, онро ба боло (бар маҳ) партофта, бо ёрии шамол аз дону пӯст ҷудо менамояд (арзани хурдакакро то мартабаи баланди маҳ мерасонад). Шоир аз ваъдахилофии маъшуқи худ ва аҳдшикании ӯ ғамгин шуда, ӯро ба дуруғгӯӣ ва бевафоӣ таъна дода, “гандумнамои ҷавфурӯш” мегӯяд.

Сайидо аз мақол ва зарбулмасалҳо, ҳикматҳои халқӣ хеле хуб истифода менамояд. Чунонки “санг гирӣ, лаъл шавад, хок гирӣ, зар шавад”, “гандумнамои ҷавфурӯш”, “теша бар пойи худ задан”, “оқибат ба чоҳ шудан”, “гурги борондида”,  “даҳ ангушт бар даҳон кардан”, “осиёб бо навбат”, “оҳани сардро кӯфтан”, “қадро дуто кардан”, “бозор гарм кардан”, “чун тарозу санг бар сар задан” ва ҳоказо.

Дар сифати бофанда ӯ гуфтааст:

Бо маҳи бофанда ҳар кас ҳолаш

огаҳ мекунад,

Оқибат худро ба пои хеш дар чаҳ

мекунад.

Мондаам дар кӯи ӯ, карбос ҳар

дам мехарам,

Ман зи як сӯ медиҳам оҳор, ӯ таҳ

мекунад.

Ба ҳамин минвол Сайидо бо истифода аз санъатҳои бадеӣ, корбасти калимаҳо ва дигар воситаҳои тасвири бадеӣ моҳирона истифода намуда, ҳам ҳунар ва ҳунармандонро васф мекунад, ҳам завқи хонандаи закитабъро неру мебахшад.

Ӯ чун намояндаи аҳли ҳунар ва ҳунармандон (Сайидо ҳунари бофандагӣ дошт) касбу ҳунарро мояи ифтихор ва ризқу рӯзӣ дониста, мегӯяд:

Шир мегардад бурун аз кӯҳ баҳри

кӯҳкан,

Ризқи худ соҳибҳунар аз санг

пайдо мекунад.

Дар замони муосир низ шоирони тоҷик дар мадҳи аҳли ҳунар ва санъат, намояндагони машҳури он асарҳои ҷолиби диққат доранд, ки омӯзиши он низ хеле зарурият дорад.

 

Гулпарӣ ШАРИФОВА,

устоди Донишкадаи омӯзгории

Тоҷикистон дар

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш