Нашрияи Омӯзгор

Давраи бунёдӣ дар рушди шахсият

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

«Мехостам модари ман низ мисли модари ҳамсинфонам ҳар рӯз ба мактаб омада, маро хабар гирад, аз омӯзгоронам чӣ тавр таҳсил кардани маро пурсад, дар ҷамъомаду ҷаласаҳои мактабӣ нишаста, бо ман фахр кунад…»

Дар фаъолияти омӯзгории худ мушоҳида намудаам, ки гурӯҳе аз волидон ба тарбияи фарзанд беэътибор буда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Хонандае, ки ҳамроҳи волидайн буд, бо баҳои хубу аъло таҳсил мекард. Дар дарсҳо фаъолона иштирок карда, дилпурона фикру андешаҳояшро баён мекард. Пас аз гузаштани чанд муддат хонанда на ҳамеша ба дарсҳо тайёр мешуд, балки ғамгин, рӯҳафтода ва асабонӣ мегардид. Пас аз суҳбат бо ӯ маълум шуд, ки волидайнаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Россия қарор доранд. Дар ботини хонанда саволҳои зиёде пайдо шудааст: «Падару модари ҳамсинфонам ҳар рӯз рӯзномаи онҳоро дида, аз баҳои гирифтаашон хурсанд мешаванд, агар ба хона каме дертар оянд, аз онҳо хавотир мешаванд, дар иду ҷашнҳо ҳамроҳи оилаашон ба сайру тамошо мебароянд, дар иҷрои вазифаҳои хонагӣ низ ба онҳо ёрӣ мерасонанд. Рӯзҳо мегузаранд, нафаре аз ман чӣ гуна баҳо гирифтанамро намепурсад, имрӯз чанд соат дарс дораму ба хона кай меоям, ба касе фарқ надорад».

Ҳамин тавр, хонанда беназорат монда, маълум мешаад, ки ӯ барои аз ин ҳолат баромадан худро ба бозиҳои компютерӣ, кӯчагардию оворагардӣ  андармон карда, гузаштани вақтро интизор мешавад. Набояд фаромӯш кард, дар ташаккули тарбияи фарзандон нақши волидайн, хусусан, модарон хеле калон аст. Чунки давраи томактабию мактабӣ дар тарбия ва  шахсияти  инсон давраи муҳим мебошад. Бесабаб  онро дар илми педагогика «давраи бунёдӣ дар рушди шахсияти инсон» наномидаанд. Маҳз дар ҳамин давраҳо хиштҳои аввалини сифатҳои шахсии ахлоқию иродавӣ, ҷисмонию зеҳнӣ, равонию эстетикӣ, ҳиссиёту тасаввурот, меҳру шафқат нисбат ба одамон ва нисбат ба Ватан гузошта мешаванд, ки минбаъд бинои боҳашамати шахсият дар он устувору қавӣ мегардад.  Дар ҳамин марҳила, аз мо, омӯзгорон низ талаб карда мешавад, ки ба хонандагони беназоратмонда алоҳида кор бурда, дар назди равоншиноси муассиса суҳбатҳо гузаронида, онҳоро бо роҳи рост ҳидоят намоем.  Дар кишвари худамон – Тоҷикистон бо оила, назди фарзандон кору зиндагӣ карда, рӯзгорро пеш бурдан мумкин аст. Бок не, аз касе зиёд, аз касе кам мепӯшанду мехӯранд. Аммо муҳим он аст, ки фарзандон зери назорати падару модарон ва қаноти гарму пурмеҳру муҳаббати онҳо мешаванд.

Сайёра

Абдушукурова,

омӯзгори география ва экологияи мактаби рақами 2, ноҳияи

Спитамен 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш