Тарбияи насли наврас кори басо душвор аст. Онро ба дӯши мактаб ё оила вогузорем, муроде ҳосил нахоҳад шуд. Оила ҳам дар танҳоӣ ба тарбия машғул шавад, натиҷаи дилхоҳ ба даст нахоҳад омад. Бинобар ҳамин, ҷараёни мураккаби тарбия мактабу оиларо ба кори якҷоя, ҳамкорӣ даъват менамояд. Алоқаи мустаҳками мактабу оила сабаби баланд гардидани самараи таълиму тарбияи хонандагон хоҳад шуд. Инро таҷрибаи кори мактабҳои пешқадам собит намудааст.
Волидайн вазифадоранд, ки барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд, фарзандонро дар рӯҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси накукорӣ, раҳмдилӣ, муносибати боэҳтиромона нисбат ба аҳли хонавода тарбия намоянд. Иҷрои ин вазифаҳои бузургу душвор кӯшишу ғайрати ҳамагонро талаб мекунад.
Таъсири оила ба инкишоф ва ташаккули бачагон дар давраи хурдсолӣ басо калон аст, чунки тарбияи аввал дар оила дода мешавад.
Оила бо тарбияи худ пойдевори шахсиятро бунёд мекунад. Кӯдак дар оила қоидаҳои нахустини ахлоқу одобро ёд мегирад, малакаҳои кори якҷояро бо дигарон ҳосил менамояд, нақшаҳои ҳаёти ояндаашро мекашад. Тарзи рафтору гуфтори волидайн, талабҳои ахлоқие, ки ба назди фарзандон мегузоранд, аҳамияти калони тарбиявӣ доранд. Мо бояд мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намуда, сатҳи дониши хонандагонро баланд бардорем, то ки насли наврас тамоми донишҳои илми муосирро аз худ намояд ва дар пешрафту тараққиёти кишвар саҳмгузор бошад.
Дилбар Шарифова,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №54, шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр