Муҳимтарин падида дар мактаб, муҳимтарин дороии таълимгоҳ, муҳимтарин дастури ибрат барои хонанда, пеш аз ҳама, омӯзгор аст.
Фаъолияти пурбаракати омӯзгори дараҷаи олӣ, муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ҳотам Саидов собитгари ин гуфтаҳост.
Устод ҳамин донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кардааст. Чанд вақт ба сифати ходими хурди илмӣ дар Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, 13 сол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фаъолият кардааст. Аз соли 1988 инҷониб омӯзгори донишгоҳ мебошад. Ба қалами ӯ беш аз 250 мақолаи илмӣ ва методӣ тааллуқ дошта, нигоштаҳои илмиву методиаш пайваста дар саҳифаҳои матбуоти даврии кишвар чоп мешаванд. Маҷмӯи мақолаҳояш дар шакли китобҳои алоҳида нашр гардидаанд.
«Ҳар омӯзгоре, ки касбашро дӯст медорад, омӯзгори хуб аст. Ҳар омӯзгоре, ки шогирдонашро дӯст медорад, низ омӯзгори бад нест. Вале омӯзгори ҳақиқӣ онест, ки ин ду навъ дӯстдориро ба ҳам тавъам кардааст.» - гуфтааст, Л.Н.Толстой. Дар ҳақиқат, дар сиришти устоди азизи мо Ҳотам Саидов ин ду навъ дӯстдорӣ ба ҳам тавъам буда, ба ин васила тавонистааст, ҳамеша комёб бошад.
Чор сол мешавад, ки ман донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгориаму аз ин устоди зиндадил, иззатманду донишманд, методисти соҳибтаҷриба илм меомӯзам, ҳамчунин, ба василаи машғулиятҳои ӯ аз дарси зиндагию одамгарӣ, меҳнату инсондӯстӣ, поквиҷдонию дилсофӣ баҳравар мешавам.
Ҳангоми таҷрибаомӯзии омӯзгориамон, устод Ҳотам Саидов аз гурӯҳи мо 10 нафар донишҷӯро таҳти роҳбарии худ гирифт, ки хушбахтона, дар миёни онҳо ман ҳам будам. Росташ, то ин давра ба касби омӯзгорӣ на он қадар майл доштам, вале бо шарофати ин устоди низоми таълиму тарбия ва педагоги мумтоз оташу шавқу шӯри омӯзгорӣ дар вуҷудам аланга зад ва акнун касби худро беҳтарин касб медонам ва аз он ҳаргиз пушаймон нестам. Устод пайваста ба мо мегӯяд, ки «Илм омӯзед, дониши амиқ гиред, зеро фардо аз рӯи ин касб нон мехӯред, ноҳақӣ накунед, меҳнат намоед. Равшании чароғ ба равған, дониши талаба ба муаллим вобаста аст.»
Устод ба синни мубораки 80 расида бошад ҳам, чобуку серҳаракат ва дар таълиму тад-рис ҳамоно фаъолу кӯшоянд.
Баъзан ба худ савол медиҳам, ки аз куҷост ин ҳама неру дар ин синну сол? Дар ҳоле ки бархе аз мо, донишҷӯён, 2-3 соат дарси лексия гӯш карда, чунон хаста мешавем, ки ба қавле, гӯё кӯҳ канда бошем...
Устоди азизи мо як боғи зебои сердолу дарахт ва пур аз мева бунёд намудааст ва мегӯяд, ки ҳар гоҳ ки бекор монам ва ё хаста шавам, ба боғам меравам ва боғдорӣ мекунам, ин бароям хеле гуворост. Мо - шогирдонашонро пайваста ба меҳмонӣ даъват мекунад, то дар боғаш сайругашту фароғат бикунем.
Инак, муаллими маҳбуби мо Ҳотам Саидов ба синни мубораки 80 расида. Устоди муҳтарамамонро аз номи тамоми донишҷӯён табрик мегӯям. Ба ӯ саломатии бардавом ва муваффақиятҳои тоза ба тоза хоҳонем.
Шаҳлои Исрам,
донишҷӯи факултаи
филологияи
тоҷики ДДОТ ба номи
Садриддин Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр