Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба ҷавонон кафили комёбиҳои онҳост

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, махсусан, дар давоми даҳсолаи охир дари садҳо муассисаи таълимии замонавӣ барои ҷавонон кушода шуд.

Бо ин ҳама, мутаассифона, ашхосе пайдо мегарданд, ки ба воситаи интернет ва ҳар гуна сомонаҳо ба танқид ва сиёҳ намудани давлату миллатамон сару кор доранд. Гуфтан бамаврид аст, аксарияти мардуме, ки мушкилоти давраҳои ҷангро диданд, ҳамеша дар забонашон калимаи «шукрона» пайдост. Умуман, мафкураи шахсони азсаргузаронидаи даврони Шӯравиро дигар кардан осон нест. Аммо ҷавононе, ки аз насиҳатҳои падару модар, хешовандон дур мондаанд ва дар мамлакатҳои хориҷа дар зери таъсири ҳар гуна ҳаракатҳои экстремистӣ меафтанд, ба ҳар гуна ҷараёнҳо майл мекунанд. Баъзеи онҳо барои манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳиашон  тайёранд, ки  нанг, номус ва муқаддасоти худро фурӯшанд.

Аз васоити ахбори омма маълум аст, ки баъзеҳо, аз кирдорҳои худ пушаймонанд ва бо таъсири падару модар ва хешу  табор ислоҳ шуда истодаанд. Аммо нисбат ба гумроҳоне, ки ин амалҳои сиёҳашонро давом медиҳанд, чӣ бояд кард? Чӣ тавр ин гунаҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем? Албатта, ин вазифаи ҳам волидону хешу табор ва ҳам мақомоти гуногуни қудратӣ мебошад.

Мехостем чанд нуктаи  муҳимро ба волидоне, ки ҷигарбандонашон дар мамлакатҳои гуногун таҳсил ё кор менамоянд, тавсия намоем:

1.         Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ доранд, ҳамеша дар зери назорати волидон бошанд. Волидон ҳар моҳ як ё ду маротиба аз аҳволу фаъолияти фарзандон бохабар шаванд.

2.         Аз тарафи волидон доир ба воқеаҳои фараҳбахши Ватан, сохтмонҳои бузург, навгониҳои гуногуни фарҳангию илмӣ ва ҳатто адабиёти бадеии ду ё сезабона иттилоот диҳанд.

3.         Бо собиқ омӯзгорон ё роҳбарони синфи худ дар тамос бошанд.

Ногуфта намонад, ки ҳамаи шогирдони хатмкардаи муассисаи таълимии мо, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, бо  омӯзгорон дар тамоси интернетӣ мебошанд ва аз бурду бохти таҳсили худ ҳамеша хабарҳои хуш мерасонанд.

Масалан, соли гузашта шогирдамон Ҷовидҷони Сафар аз Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмиллалии Москва хабар расонд, ки ӯ дар байни донишҷӯёни 35 мамлакати ҷаҳон дар озмуни «Хайёмхонӣ» соҳиби ҷойи аввал гашт. Ин боиси ифтихор мост.

 

Шоҳназар ЗАБИРОВ,

Муқим ШАМСИЕВ

омӯзгорони мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон                   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш