Абдулазиз Раҷабов дар ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Волидонаш солҳои муҳоҷиркунонӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мекӯчанд ва айёми кӯдакию навҷавонияш дар ин ҷо сипарӣ гардидааст.
Пас аз хатми мактаб соли 1964 ба факултаи муҳандиси барқи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №5-и шаҳри Душанбе дохил мешавад. Аз давраи кӯдакӣ ба варзиш, хусусан, гӯштӣ машғул буд ва замони таҳсил дар омӯзишгоҳи номбурда дар мусобиқаҳои варзишӣ пайваста иштирок мекард. Борҳо дар сабқатҳои миқёси кишвар ва дигар ҷумҳуриҳо ширкат варзидааст. Маҳорату нозукиҳои ин навъи варзишро аз устодони номвар Рамазон Солиҳов, Усмон Ҳайдаралиев, Афзалшо Олимов омӯхта буд ва бо машварати эшон ба техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе ҳуҷҷат супурд. Пас аз хатми техникум дар мактаби №9-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба ҳайси муаллими тарбияи ҷисмонӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт.
Пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори ҳарбӣ гузашт ва дар ин самт низ 20 сол фаъолият карда, ба нафақа баромад.
Аз ҷавонӣ ба сайру саёҳат шавқ дошт. Мехост тамоми оламро давр бизанад, бигардад, бо расму оин ва фарҳангу суннатҳои халқу миллатҳои дигар аз наздик ошно шавад, оламу одамро бубинад. Пас аз бознишаста шудан вақти холиаш бештар шуд. Аз ин рӯ, фурсатро аз даст надода, пойи пиёда ба сафар баромад.
- Бисёриҳо аз ман мепурсанд, ки чаро худамро азоб дода, пиёда оламро мегардам. Бо нақлиёт гаштан кайфияти зиёд намебахшад, чунки зебоию латофати манзараҳои атрофро дидан имкон надорад. Вақте қадамзанон аз даште, кӯҳу саҳрое убур мекунӣ ва ба табиати дилнишини гирду атроф менигарӣ, рӯҳбахш аст, қувват мегирӣ. Дар гузашта нақлиёт набуд ва аҷдодони мо пои пиёда сафар мекарданду сафарномаҳо менавиштанд…
Ҳангоми саёҳат бо нақлиёт пули мо бештар сарфи билети ҳавопаймову меҳмонхонаҳо мешавад. Вақте пиёда сафар мекунем, харҷи роҳ камтар мешавад ва мо имкони сафари бештар пайдо мекунем. Пеш аз саёҳат харитаи роҳҳоеро, ки тавассути он бояд ба кишварҳои рӯйи олам биравам, омода менамоям. Ҳар рӯз 40-50 км роҳро тай мекунам ва дар як шабонарӯз 10-12 соат қадам мезанам. Мақсадам аз ин сафарҳо дидани ҷойҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва зиёрати маконҳои муқаддас мебошад,-мегӯяд Абдулазиз Раҷабов.
Ӯ бо табассум аз сафари аввалинаш, ки 9 моҳ тӯл кашид, ёдовар шуд.
- Ин сафар аз шаҳри Маскав оғоз гардида, вилояту кишварҳои Ижевск, Волгоград, Тотористон, Қалмиқистон, Доғистон, Чеченистон, Озарбойҷон, Туркия, Сурия (он замон дар ин кишвар оромӣ буд), Яманро дар бар гирифт ва нуқтаи охири сафарам Арабистони Саудӣ буд. Дар Арабистон зиёда аз 3 моҳ мондам. Бо подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ бин Абдулазиз Оли Сауд, раиси шаҳри Маккаи мукаррама Абдулло Довуд ва дигар шахсони машҳури он ҷо аз наздик шинос шуда, бо намояндагони васоити ахбори оммаи ин кишвар вохӯриҳо доштам. Баъд аз он сафарҳои хотирмони зиёде кардам, аз ҷумла, дар яке аз онҳо ба воситаи Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ба Шри-Ланка рафтам. Дар гузашта Шри-Ланкаро Сарандеб мегуфтанд ва тибқи ривоятҳо, он ҷо қадамгоҳи аввалини Бобои Одам ҳисобида мешавад. Дар ин кишвар маро кӯрпаша газид. Ба табларзаи шадид гирифтор шуда, 12 рӯз дар беморхона хобидам. Азбаски забони англисиро намедонистам, ҳолатамро ба атрофиён фаҳмонида натавонистам ва бемориам зуд авҷ гирифта, маро аз по афтонд. Ба ҷавонон тавсия медиҳам, ки забон омӯзанд (хусусан, забони англисӣ), то дар сафарҳои берун аз Ватан азоб накашанд. Аз Шри-Ланка ба шаҳри Бомбеи Ҳиндустон баргашта, дар меҳмонхонаи актёри машҳур Амитабх Баччан маскун шудам. Мутаассифона, ба дидораш нарасидам. Дар Ҳиндустон низ надонистани забони англисӣ бароям мушкилӣ ба бор овард, хайрият як форсизабонро ёфта, масъаларо ҳал кардам.
Чунонки аз гуфтаҳои А. Раҷабов маълум шуд, соли 2018 пас аз 4 моҳи интизорӣ ва гирифтани визаи Шенген ба сафари Аврупо баромад. Сараввал ба Доғистон рафта, паҳлавон Ҳабиб Нурмуҳаммадовро бо ғалабааш бар Конор табрик гуфт ва ба ӯ ҷомаю тоқии тоҷикӣ пӯшонд. Пас аз вохӯрӣ бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ба роҳаш идома бахшид. Белорус, Полша, Олмон, Австрия, Фаронса, Испания, Италия кишварҳое буданд, ки А.Раҷабов зимни сафари навбатияш аз онҳо дидан намуд. Абдулзиз Раҷабов таъкид дошт, ки сайру саёҳат ба кишварҳои дуру наздик ба инсон ҳамон вақт муяссар мегардад, ки дар зиндагӣ рафиқи меҳрубон дошта бошад. Завҷаам, омӯзгори собиқадор Оламбӣ Давлатова, ки ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст, ҳамеша дар ин сафарҳо маро дастгирӣ менамояд ва дар пешрафти фаъолиятам саҳми шоиста дорад.
- Сайру саёҳат бе харҷи маблағ ғайриимкон аст,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо, - қисмати зиёди маблағи сафарҳоям, албатта, аз ҳисоби пасандозҳои шахсиям ҳастанд. Аммо дар ин росто наздикону дӯстон ва дигар шахсони саховатманд низ бароям кумаки пулӣ мерасонанд. Ҳамчунин, як қатор роҳбарону сарварони кумитаву вазоратҳо, кормандони сафоратхонаҳои мамлакат дар хориҷи кишвар ҳангоми сафарҳо бароям ёрии зиёд мерасонанд. Барои дастгириҳои зиёд ба вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддини Муҳриддин, раисони кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Абдуллозода, рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода ва дигар шахсон, ки дар сафарҳоям ба ман кумак мерасонанд, арзи сипос менамоям.
Дилафрӯз Қурбонӣ,
Нуъмон Раҷабзод,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр