Дар бораи оила ва тарбияи кӯдак олимони соҳаи педагогика асарҳои зиёде навиштаанду боз менависанд. Ба андешаи мо, тарбияи кӯдакон дар оилаҳои дуюмбора ташкилкардаи падару модарон аз таҳқиқоти педагогию психологӣ берун мондаанд. Муҳтавои дастуру мақола ва асарҳои ба тарбия бахшидаи олимони тоҷик ба хусусиятҳои миллии халқҳои дигар, бахусус, халқҳои рус бештар наздиканд.
Олимони соҳаи педагогикаро зарур аст, ки дар асарҳои хеш масъалаҳои тарбияи миллиро амиқтар ба таҳқиқ гиранд, дар тарбияи беҳтари насли ҷавон бо мо ёрии амалӣ расонанд.
Масъалаи пас аз ҷудошавии оилаҳо ва ё бо амри тасодуф бепадар ва ё бемодар мондани кӯдакон амри табиист. Теъдоди чунин кӯдакон вобаста ба шароити иҷтимоӣ афзоиш дорад.
Таҳлилҳои олимони психолог собит сохтанд, ки ҷудошавии оилаҳо ба фарзандон таъсири бад мерасонад. Кӯдакони аз падару модар ҷудошуда зарбаи рӯҳӣ мегиранд.
Ҷудошавии оилаҳо аксар вақт ба одамон мушкилоти психологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки онҳо инро чашмдор намуданд, ба бор меорад. Маълум аст, ки ҳудуди 60 дар сади одамони дубора оиладоршуда фарзанд доранд. Ин маънои онро дорад, ки дар раванди бунёди оилаи нав аз ду нафар бештар ширкат мекунанд. Бори дувум оиладоршавӣ зану мардро дар гирдоби нобасамониҳо рӯ ба рӯ мегардонад, дар ҳолате ки зан аз шавҳари дуюм кӯдак таваллуд кунад, доираи муносибатҳо васеъ мешаванд, махсусияти муносибат бо шавҳари пешин – падар – шавҳари ҳозира- падари кӯдак, падар, падарандар, бародарону хоҳарони озод ба вуҷуд меояд.
Мушкилоти хонадоршавии дувум, низою ихтилоф байни кӯдак ва падарандарро тезу тунд мекунад. Дар ташаккули оилаи нав ва рафъи мушкилот модар нақши муҳим мебозад. Зан пеш аз бори дуюм ба шавҳар баромадан бояд биандешад, ки ин ҳолат ба кӯдак чун ҳангоми ҷудошавӣ зарбаи психологӣ мерасонад. Ҳар як зан дар ин асно аз рӯйи ақлу фаросат муносибати инфиродӣ пайдо кунад ва ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки дар ин вазъият байни ду оташ қарор дорад. Агар баъди ҷудоӣ кӯдак бо падари аслиаш муносибати хуб дошта бошад, ба вохӯрии онҳо монеъ шудан маслиҳат дода намешавад.
Донишманди оилашинос Е.П. Илин дар асоси омӯзиш чунин андеша дорад, ки одат кардани духтарон бо падарандар душвор аст. Духтарон баъди вайрон шудани оилаашон падарандарро омили хонавайроншавии модар меҳисобанд. Бачагон бо модарандарҳо ихтилофи шадиде пайдо мекунанд. Чунонки дар боло зикр кардем, кӯдаконе, ки бо яке аз волидайн баъди ҷудошавии оила мемонанд, мисли пеш ҳама чизро аз ӯ талаб мекунанд, ҳол он ки талаботи онҳоро пеш ду нафар қонеъ месохт. Табиист, ки падар ё модари танҳо худро дар назди кӯдак ноҳинҷор ҳис мекунад. Ин ҳодиса волидайнро бо кӯдак сахт алоқаманд мегардонад ва одами навро бо муносибати хашин, яъне, бадбинона қабул мекунанд.
Муносибат бо кӯдакон дар оиладоршавии дуюмбора осонтар аст, ба шарте ки аз оилаи якум ва дуюм фарзанд дошта бошанду тарафайн якнавохт онҳоро чун фарзандони худ тарбия кунанд. Ин амал боис мегардад, ки дар оила муносибати тарбиявии комилан нав ба вуҷуд ояд. Падарандару модарандар кӯдаконро чун волидайни биологӣ бидуни ҷазодиҳӣ тарбия намоянд. Дар ин асно фарзандон ҳам якдигарро ва ҳам падарандару модарандарро эҳтиром менамоянд.
Аҳлиддин АшӮров,
омӯзгори мактаби
№5-и шаҳри Ҳисор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр