Нашрияи Омӯзгор

Реҷаи рӯз манфиатбахш аст

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

Риояи тартиби реҷаи рӯз ба хонанда имкон медиҳад, ки чи дар мактаб ва чи дар хона мақсаднок, фоидаовар ва натиҷабахш амал намояд.

Барои тартиб додани реҷаи рӯзи хонанда нақши волидайн дар мадди аввал меистад. Оила вазифадор аст, ки барои сиҳатии ҷисмонии кӯдак ғамхорӣ намояд, ӯро барои фаро гирифтан ба мактаб омода созад, инчунин, барои инкишофи вай шароит муҳайё созад.

Риоя ва тартиби реҷаи корӣ масъулияти хонанда, падару модар ва муаллимро низ баланд бардошта, дар тарбияи дурусти шогирд, шавқманду ҳавасманд гардонидани ӯ, боло бурдани масъулият, нишон додани роҳи дурусти зиндагӣ мусоидат мекунад.  Тартиби фаъолият бояд бо нигоҳи волидайн барои фарзанд дар давоми рӯз тартиб дода шавад. Агар ин реҷа бо маслиҳати роҳбари синф сурат гирифта бошад, боз ҳам манфиатовар аст. Зеро дар мактаб роҳбари синф, муаллимон, маъмурият ва ташкилотҳои ҷамъиятии таълимгоҳ ин реҷаро ба назари эътибор мегиранду дар хона худи волидон. Агар кӯдак ба реҷаи корӣ одат кунад, унс гирад, аз доираи он берун набарояд, ҳар рӯзаш пурсамар мешавад.

Бо риоя кардани реҷаи рӯз хонанда чӣ будани вақту қимати онро дарк карда, истифодаи самараноки онро ёд мегирад.

Тартиби реҷаи корӣ ба бачаҳо принсипнокӣ, ҷиддият, масъулиятшиносӣ, худбоварӣ барин сифатҳои некро ато менамояд.

Вақте ки реҷаи рӯз бо назардошти инкишофи ҳолатҳои равонӣ ва ҷисмонии хонанда тартиб дода мешавад, ин имкон медиҳад, ки насли наврас рӯҳану ҷисман, солим ва донишманду ҳунарманд ба камол расанд.

Иброн НИМАТОВ,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш