Дар ташаккули маънавии хонандагон, албатта, корҳои тарбиявӣ дар мактаб нақши муҳим мебозанд. Барои он ки шогирдони мо фардо инсонҳои комил ва дорои хислатҳои ҳамида бошанд, бояд бар он кӯшид, ки дар ниҳоди онҳо майлу таваҷҷуҳ ба кирдору рафтору гуфтори нек ҳар чӣ бештар бошад.
Насли наврасро, муҳимтар аз ҳама, бояд дар рӯҳияи инсондӯстию ватанпарварӣ, сулҳу ваҳдатпарастӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллат ва дурӣ аз хислатҳои ношоиста тарбия кард.
Дар ҷараёни тарбияи шогирдон як амали муҳим дар онҳо ба вуҷуд овардани ҳисси нафрат нисбат ба нодонию ҷаҳолат ва бесаводӣ мебошад. Одами аз дониш нобархӯрдор ва нодон дар зиндагӣ ба нокомиҳо дучор меояд, азоб мекашад ва ҳатто, боиси нороҳатии дигарон мешавад. Дар урфият «Ҷони нодон дар азоб» гуфтаанд, ки ҳақ асту рост, барои дар банди ҷаҳолату бесаводӣ намондан бояд мунтазам ба омӯзиш, ба китобхонӣ, ба иҷрои супоришҳои устодон кӯшиш кард. Ба танбалию фориғболӣ ва ба беҳуда сарф намудани вақт набояд роҳ дод. Бузургонамон дар бораи зарари нодонию бедонишию ҷоҳилӣ суханони муассир гуфта, наврасонро ҳушдор додаанд, ки аз ин хислатҳои пурзиён худро дур кашанд, пой дар гил намонанд. Истифодаи ин гуна ҳикматҳои бузургони олами адаб дар тарбияи насли наврас муҳим мебошад. Фирдавсии суханофарин ҳамагонро чунин даъват менамояд:
Таносоиву коҳилӣ дур кун,
Бикӯшу зи ранҷи танат сур
кун!
Ки андар ҷаҳон ганҷи беранҷ
нест,
Касеро, ки коҳил бувад, ганҷ
нест!
Дар мавриди дигар ин шоири тавоно ба таври хеле муассир нодононро маҳкум менамояд:
Зи мурда бадтар, ҳар кӣ
нодон бувад,
Ҳама зиндагониш зиндон
бувад.
Воқеан ҳам, ҷаҳон бо ин ҳама паҳнояш барои ҷоҳилону нодонон ба мисли зиндон бувад, зеро ин гуна ашхос на ба амале қодиранду на кореро иҷро карда метавонанд, чун нотавонанд, аз дониш нобархӯрдоранд ҳама роҳҳо барояшон бастааст. Шахси донову ҳунарпеша тавонову муваффақ аст, ба касе рӯи ниёз намеоварад, чизе тамаъ намекунад, балки худ ба худ роҳ мекушояд, ба пирӯзиҳо мерасад. Аз ин ҷост, хирадмандон даъват кардаанд:
Чу нодонон на дар банди
падар бош,
Падар бигзору фарзанди
ҳунар бош!
Дар эҷодиёти мардумӣ (фолклор) низ нодонию бесаводию ҷоҳилӣ сахт маҳкум шудааст. Ҳикмату андарзҳои «Кӯрӣ беҳ аз нодонист», «Нодонро зинда мадон», «Нодон ба кори худ ҳайрон аст», «Бесаводӣ бадбахтист», «Ҷаҳолат ҳамсони разолат»… далелҳое ба гуфторҳои болоянд.
Ба хонандагон гуфтану тавзеҳ бахшидани ин гуна байту ҳикматҳо аҳамияти махсус дорад. Шогирдонро супориш бояд дод, ки намунаҳо аз гуфтаҳои бузургонро дар танқиду мазаммати нодонию бесаводию ҷоҳилӣ азёд кунанд.
Бибиҷон Ҷумахонова,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
мактаби №71-и ноҳияи Шоҳмансур
Иловакунӣ
Иловакунии фикр