Дар аксар маҷлисҳои синфӣ ва соатҳои тарбиявӣ сухан бештар атрофи тарбияи ахлоқии хонандагон меравад. Бархе аз волидон ба он ақидаанд, ки дар тарбияи фарзандон падар бояд нақши бештаре дошта бошад. Вале аксаран боз он фикреро дастгирӣ мекунанд, ки бояд ҳар ду тараф дар ин масъала масъул бошанд. Фикр мекунам, дар ин лаҳзаҳо мо, омӯзгорон, бояд бетараф набошему вазифаи ҷонии ҳар кадоми худро бар дӯши якдигар бор накунем, зеро мақоли халқӣ таъкид менамояд, ки «аз як даст садо намебарояд». Агар нек андеша кунем, шогирдон ҳамарӯза аз бисту чор соати шабонарӯз танҳо шаш ё ҳафт соат дар ихтиёри мактабу омӯзгоронанд, вале боқимондаи вақт бо волидон ҳастанд. Омӯзгор барои бача роҳнишондиҳанда аст, аммо волидон боз масъулияти аз ин бештареро бар дӯш доранд. Бинобар он, аз масъулияти хеле муҳими таълим ва тарбия канораҷӯӣ кардан ба омӯзгор ва падару модарон зебанда нест.
Воқеан ҳам, барои ҳар инсон фарзанд неъмати бузургест. Ӯ дар ихтиёри падару модар амонатест, ки фардо аз онҳо пурсида мешавад. Аз ин рӯ, шахсе, ки дар тарбияи фарзанди худ саҳлангорӣ мекунад, ба хатои ҷиддӣ роҳ медиҳад. Сабаби фосид шудани ахлоқи бештари фарзандон бетафовутии падарон аст.
Падар ҳам масъули таълим ва парвариши фарзандон аст. Ӯ, аз як тараф, муаллими хонавода, роҳбар, масъул ва аз тарафи дигар, падар аст, ки кӯдак дар аксари корҳо аз вай ибрат мегирад. Рафтори неки падару модар муҳимтарин дарси тарбия барои кӯдакон аст. Агар хоҳем, ки фарзандони солим ва солеҳ дошта бошем, бояд аввал худамон дорои хислатҳои нек бошем.
Назира САЙФИДДИНОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр