Нашрияи Омӯзгор

Кӯдакон қобилиятманданд

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Дар таълиму тарбияи фарзанд бисёре аз волидайн ба хатоҳо роҳ медиҳанд. Яке аз ин хатоҳо қиёс намудани кӯдак бо кӯдакони дигар мебошад, ҳол он ки ҳар як кӯдак қобилияти ба худ хос дорад. Яъне, яке дар китобхонӣ, дигаре дар варзиш, сеюмӣ дар тиҷорат қобилияти махсус доранд. Мо бояд қобилияти фарзандро кашф кунем ва барои такмили он кӯшиш ба харҷ диҳем.

Дар ин замина волидайн бояд як қатор дастуру уҳдадориро амалӣ гардонанд. Яъне, ҳисси худбовариро дар кӯдак зиёд карда, шавқу хоҳиши фарзандро ба назар гирифта, фаъолиятҳои ӯро ба танзим дароранд. Бо дастгириву ташвиқи волидайн шахсияти кӯдак метавонад хуб ташаккул ёбад. Вақте ки кӯдак дар муқобили ягон мушкилӣ нотавонии худро ҳис мекунад, падару модар бояд ҳатман ӯро дастгирӣ намоянд. Ҳаёти мактабӣ, рафти тарбиягирӣ ва дунёи маънавии фарзандро бояд пайваста зери назорат қарор диҳем. Тарбияи ҳар фард аз оила оғоз меёбад. Фард дар ҷамъият бо гурӯҳҳои гуногуни одамон рӯ ба рӯ мешавад ва мутобиқ шудани ӯ ба ҳаёти дар пешистода аз тарбияи оилавӣ вобастагии калон дорад. Ҳолати равонии кӯдакон ҳамон вақт мустаҳкам ҳисобида мешавад, ки онҳо аз волидайн ҳиссиёти амният ва бехатариро нисбат ба худ ҳис карда тавонад. Оилаи хуб таҳкурсии мустаҳками ҷамъияти бомаърифатро ташкил медиҳад.  Кӯдаконе, ки табиати худхоҳиро аз хурдсолӣ соҳиб бошанд, дар натиҷаи тарбияи самаранок метавонанд аз ин роҳ даст кашанд ва дар оянда ба дигарон  кумак намояд.

Зарина ҶОБИРОВА,

омӯзгори мактаби №26-и

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш