Имрӯз мо – аҳли таълиму тарбияро зарур аст, ки ҷавобан ба тақозои замон ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои судманду муассир андешида, баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани ҷавонони кишвар тавваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Забони англисӣ яке аз забонҳои бузургтарини ҷаҳон ба шумор меравад, ки зиёдтар аз 1,5 млрд одамон бо ин забон гуфтугӯ менамоянд.
Донистани забони англисӣ дар ҳаёти муосир басо муҳим аст. Он забони ҷаҳонӣ эътироф шуда, дар донишгоҳҳову марказҳои таълимии зиёди дунё таҳсил бо забони англисӣ сурат мегирад. Забони англисӣ дар 58 давлати дунё мақоми давлатӣ дошта, ватанаш Британияи Кабир мебошад. Забони англисиро зиёда аз 90% -и мардуми ИМА, Британияи Кабир, Австралия ва Канада истифода мебаранд. Касоне, ки забони англисиро медонанд, имрӯзҳо имкон доранд ба бойгониҳои адабиёти ҷаҳонӣ роҳ ёбанд ва бар замми ин, барои бомуваффақият меҳнат кардан дар ҷаҳони имрӯза донис-тани забони англисӣ бештар зарур мешавад. Тақрибан то солҳои 1950 мақоми забони англисӣ дар ҷаҳон чандон баланд набуд ва дар қатори он забони фронсавӣ, олмонӣ, испанӣ, португалӣ, арабӣ ва ғайраҳо ҳам эътибори баланд доштанд. Вале пурзӯр шудани мавқеи давлатҳое, ки дар онҳо мардум асосан бо забони англисӣ фаъолият менамоянд (аз ҷумла, ИМА – Амрико, Британия, Канада, Австралия, Ҳиндустон) дар ниҳоят сабаб шуд, ки мавқеи дигар забонҳои ҷаҳонӣ як дараҷа коҳиш ёбад. Дар тӯли асрҳо дар натиҷаи рӯйдодҳои гуногуни таърихӣ забони англисӣ дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст. Дар замони ҳозира забони англисӣ дар ҳар қитъа намояндагӣ мекунад. Имрӯзҳо забони англисӣ дорои стандарти ҷаҳонӣ мебошад. Зиёда аз 70%-и олимони ҷаҳон забони англисиро хондаанд. Тақрибан 85%-и почтаи дунё бо забони англисӣ навишта мешаванд. 90%-и ҳамаи маълумот дар системаи ҷустуҷӯи электронии ҷаҳон бо забони англисӣ ҳамбастагӣ доранд.
Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54 -умро соҳиб шудааст. Албатта, ин дас-товарди хуб аст, аммо мо набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем. Баръакс, моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, самарабахшии онҳоро таъмин намоем. Ҳадафи асосии фанни забони англисӣ баланд бардоштани савияи забондонӣ, инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттӣ мебошад. Муоширати амалии забони хориҷӣ аз худ намудани малакаҳои нутқро дар бар мегирад. Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни инсонҳо буда, ҳамвора бо рушди ҷомеа дар як зина қарор дорад. Аз ин лиҳоз, забони англисӣ ва мақому рушди он далели барҷаста мебошад.
Сайёра Самадова,
устоди ДДФСТ ба номи М.Турсунзода
Иловакунӣ
Иловакунии фикр