Нашрияи Омӯзгор

Кӯдак ва атрофиён

Сана: 2018-04-20        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Хусусиятҳои синнусолии инкишофи кӯдакон гуногун аст. Фаъолиятҳои махсус, аз ҷумла, эҷодкорӣ, ташаббускорӣ, бовар ба атрофиён ва эҳтироми онҳо, муошират карда тавонистан, босалоҳият ва соҳибҳуқуқ будан ба ташаккулёбии шахсияти кӯдак мадад мерасонанд.

Баъзан волидоне пайдо  мешаванд, ки мехоҳанд фарзандонашон барномаҳои томактабӣ ва мактабиро пурра аз худ намоянд, то ки инкишофи нутқ ва тарзи рафтору кирдораш аз дигарон фарқ кунад.  Дар чунин ҳолат дониш, маҳорату малакаҳо ҳамчун воситаҳои рушди ҳаматарафаи шахсияти кӯдак торафт инкишоф меёбанд.  Ҳолатҳое мешаванд, ки эҷодкории кӯдак на аз оила, балки аз таъсири касе ё чизе пайдо мешавад. Кӯдак  худро ба воситаи маҳорату малака нишон медиҳад. Дар рафти омӯзиш ташаббускории кӯдак бештар гардида, мехоҳад ҳар чӣ бештар қобилияташро ба атрофиён нишон диҳад. Ҳангоми муошират худро тарзе нишон медиҳад, ки наздикон ӯро таҳсину офарин гӯянд ва нисбат ба дигарон як зина боло донанд. Салоҳиятнокии худро кӯдак дар амалу кирдори худ низ баръало нишон медиҳад.

Маъмурияти муассисаҳои таълимӣ раванди инкишофёбии кӯдакро назорат карда, дар таълиму тарбияи ӯ саҳм мегузоранд. Вале на ҳама вақт арзёбии кӯдак ба талаботи пешниҳодшуда ҷавобгӯ мебошад. Аксари онҳо ба таҳсил дастрасии хуб надоранд. Ҳангоме ки кӯдак аз таълиму тарбия қафо мемонад, худро дар ҷаҳони дигар тасаввур менамояд, дилшикаставу ноумед мегардад.

Аксар кӯдакон дар иҳотаи шахсони калонсол ба воя мерасанд ва мехоҳанд рафтору кирдорашонро ба онҳо монанд кунанд. Вақте ки каме онҳоро сарзаниш кунем ё сухани ноҷо гӯем, зуд худ-ро ба шаттоҳӣ мезанонанд. Ин гуна рафтору кирдор ба онҳое маъқул аст, ки чунин хислатҳоро фарзандон ё яке аз пайвандонашон доранд. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо кӯдаконро дастгирӣ мекунанд. Оқибати корро намеандешанд, ки вақти ба воя расидан кӯдак ба чӣ ҳолатҳои ногувор рӯ ба рӯ меояд. Он рафтору кирдоре, ки кӯдак аз хурсолӣ аз он муҳити бегона қабул менамояд, дар рафтору гуфтори вай таъсири манфӣ мегузорад. Ҳатто ба суханони калонсолон дурушт ҷавоб дода, аз он қаноатманд  мегардад, ки сазояшро дод. Кӯдак новобаста аз синну сол ба атрофиён тақлид мекунад ва аз рафтору гуфтори онҳо ба худ чизе мегирад.

Волидон ва наздикон бояд дар таълиму тарбияи кӯдак бетараф набошанд ва лаҳзае ӯро аз мадди назари худ дур насозанд. Новобаста ба синну соли кӯдак ба ӯ маслиҳат додан, иқрор шудан ба хатои худ дар назди кӯдак, аз фарзанд бахшиш пурсидан барои иштибоҳи содиршуда, идора кардани худ ҳангоми асабоният, истодагарӣ кардан дар муқобили инҷиқӣ ва эркагии фарзанд, хоҳишҳои  беҷои ӯро рад намудан, нақл кардани ҳодисаҳои ғайриодӣ дар назди фарзанд, худдорӣ намудан аз алфози қабеҳ, ҳавасманд намудани фарзанд дар муваффақиятҳо, барои санҷиши рафтори фарзанд рӯзи алоҳида ҷудо кардан ва ғайра пули мустаҳкаме мегардад дар муносибати байни падару модар бо фарзанд. Кӯдак дарк мекунад, ки дар гирудори зиндагӣ танҳо нест ва пуштибону такягоҳи қавие дорад.

Муҳайё МАҶИДОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш