Ҳар замон махсу-сиятҳои худро дорад ва ин нукта ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти одамонро фаро мегирад. Махсусиятҳои замонҳоро сохтори давлату давлатдорӣ, ҷабҳаву ҳадафҳои сиёсат, тақозои иҷтимоиёт муайян мекунанд. Чун Тоҷикистони маҳбуби мо ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гашт, дар кишвар муҳити тозаи сиёсиву маънавӣ ба миён омад. Эҳтиёҷ ба кадрҳои мумтоз, ихтисосҳои нав ва ихтироъкорону навоварон бештар гашт.
Тақозои даврони нав буд, ки ҳар чӣ зудтар мутахассисони забондон ва соҳибкасбҳои варзида дар самти кор бо технологияҳои навин омода карда шаванд. Махсусан, ба забономӯзию забондонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Кор бо як қатор ихтисосҳои нави замонавӣ, вусъатбахши ҳамкориву равобит бо давлатҳову созмонҳои хориҷӣ, ривоҷи ҳамбастагиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи сафоратхонаҳо ва амсоли инҳо тақозо доштанд, ки дар мамлакат дар қатори тадбирҳои дигар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба таври фаъол ба роҳ монда шавад.
Ҳукумати кишвар барои забономӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароити заруриро фароҳам овард. Дар ин замина, пеш аз ҳама, омӯзиши забони англисӣ вусъат ёфт, зеро ин забон яке аз забонҳои маъруфу тавоно ва паҳншудатарини ҷаҳон буда, байни аксар давлатҳо робита маҳз бо ҳамин забон ба роҳ монда шудааст, яъне, забони англисӣ забони байналмилалист ва дар қатори шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид ҷой дорад. Забони англисӣ барои беш аз 335 млн сокини сайёра забони модарӣ маҳсуб мешавад (мувофиқи омори соли 2003) ва умуман, бо ин забон дар саросари ҷаҳон зиёда аз 1,3 млрд одамон гуфтугӯ мекунанд. Забони англисӣ барои як қатор мамлакатҳо забони давлатӣ ва барои теъдоде аз мамлакатҳои дигар забони дуюми давлатӣ эътироф шудааст. Дар паҳншавии ин забони муқтадир, махсусан, сиёсати мустамликадории давлати қудратманди Британияи Кабир мусоидат кардааст. Ба ин васила забони англисӣ дар Амрикову Африқо ва дар баъзе аз кишварҳои қитъаи Осиё (чун Ҳиндустону Покистон) мавқеи фаъол дарёфтааст. Забони англисӣ дорои захираи комили луғавӣ буда, истилоҳоти байналмилалии зиёдеро фаро мегирад. Он таърихи дерин ва ҷолибу рангин дорад. Ин забони ҷаҳонӣ шеваю лаҳҷаҳои зиёдеро дорост. Масалан, мувофиқи тасдиқи забоншиносон, танҳо дар Британияи Кабир 28 шеваи маъмули забони англисӣ ба қайд гирифтаву таҳқиқ карда шудааст.
Доир ба забони англисӣ дар саросари дунё аз ҷониби олимони зиёде рисолаву таҳқиқотҳо навишта шудаанд. Бо ин забон ҳар сол миллионҳо ҷилд китоб ба нашр мерасад ва ба ин васила хазинаи луғавии он комилтару тавонотар мешавад. Дар мактабҳои ҷумҳурии мо фанни забони англисӣ ба таври васеъ омӯхта мешавад ва хонандагон ба азхудкунии ин забон шавқмандии зиёд зоҳир менамоянд. Имрӯз мо, омӯзгорони забони англисӣ, таманнои онро дорем, ки китоби дастурии «Методикаи таълими забони англисӣ» (дар мактабҳои миёна) ба забони тоҷикӣ таълиф ва бо теъдоди калон нашр карда шавад.
Фарзона Мирзоева,
омӯзгори забони англисии гимназияи «Кафолат»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр