Дар ҳаёти маънавии кӯдакон чистонгӯӣ ва чистонёбӣ мавқеи калон дорад. Чистонҳои зиёде мавҷуданд, ки эҷодкунандагони онҳо шахсони мушоҳидакор, нозукбин ва хушзеҳнанд, ба олам бо назари дақиқ чашм андӯхта, хислатҳои кӯдакон, ҳодиса ва ашёро муқаррар менамоянд.
Кӯдакон дар вақти чистонгӯӣ шӯхию хурсандӣ мекунанд, агар чистон душвор бошад, мураббияро саволборон мекунанд:
-Ҷондор аст ё беҷон?
-Калон аст ё хурд?
-Дар ҳамин атроф аст ё не?
-Мева аст ё сабзавот?
Чистонҳо дар муайян намудани шабоҳат ва ҳамрангии ашё ва ҳодисаҳои олами атроф, махсусият ва зеҳни худро ба кор андохтани мардумро нишон медиҳанд. Масалан, мураббия ин чистонҳоро ба кӯдакон пешниҳод менамояд:
Як пора замин доштем,
Тухми сиёҳ коштем,
Бо чашми худ бидидем,
Бо ақли худ шинохтем.
(Китоб)
Тагаш сангу санг нест,
Болош сангу санг нест,
Чор по дораду гов нест,
Морсар асту мор нест.
(Сангпушт)
Як суфача, панҷ бибича,
(Панҷаи даст)
Химчаҳои тар, дар лаб-лаби
ҷар.
(Мижаҳо)
Ҷавоби чистонҳоро кӯдакон бо шавқ ҷустуҷӯ менамоянд. Чистонҳо хотираро қавӣ гардонида, нутқи кӯдаконро инкишоф медиҳанд. Мураббия тезгӯякро мегӯяд ва кӯдакон кӯшиш менамоянд, ки онро тез ва равону бурро такрор кунанд. Кӯдаке, ки аз уҳдаи гуфтани тезгӯяк мебарояд, нақши барандагиро ба дӯши худ мегирад. Тезгӯякгӯӣ баъзан вақт ба бозӣ мубаддал мегардад. Нимаи дуюми рӯз дар кӯдакистон чистонгӯӣ ва тезгӯякгӯӣ барои инкишофи узвҳои нафасгирии кӯдакон мусоидати мусбат мекунанд. Чунончи, истифодаи чунин тезгӯякҳо:
• Тик-тики соат, чик-чики гунҷишк.
• Файёз футболист.
• Ҳар кафтар бача кард, бачаи ҳар кафтар ҳафт кафтарбача кард.
• Гирд-гирди кӯҳ давидам, каллаи кӯҳ газидам.
• Тӯтӣ дар тори тут тут мехӯрд.
Кӯдакон бояд огоҳ бошанд, ки забон пояи миллат, рукни асосии давлат аст, забони миллати худро наомӯхта, сарватҳои маънавии онро аз худ кардан ғайри имкон аст.
Садаф РАҲИМОВА,
мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони №89, ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр