Нашрияи Омӯзгор

Робитаи фанҳо манфиатовар аст

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Ба таври маълум, фанҳои таълимии мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ҳамдигар  робитаи зич доранд. Бинобар он, омӯзгорони ҳамаи фанҳоро лозим аст, ки дар раванди таълиму тарбия алоқамандии байни онҳоро таъмин намоянд.

Фикр мекунам, алоқа-мандии фанҳои таърих ва ҳуқуқ бо фанни забон ва адабиёти тоҷик  басо наздик буда, дар ҳарду фан ҳам тасвир ва  солҳои вуқӯи ҳодисаҳо, инъикоси воқеаву санадҳо ба таври мушаххас баён карда мешаванд.

Ба таври мисол, агар мавзӯъ оид ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳон бошад, дар он ҳатман соли ба миён омадани ҳодиса, сабабҳои он бозгӯ мегардад. Дар дарси адабиёт низ ин мавзӯъ омӯхта мешавад ва дар он иштироки як идда адибонамон, аз ҷумла, Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода,  Фотеҳ Ниёзӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Абдусалом Пирмуҳаммадзода, Ҳоҷӣ Содиқ ва монанди инҳо ба хотир оварда  мешаванд. Ё ҳатман  диловарии тоҷикписарон дар ин муҳорибаҳо ёдоварӣ гардида, асарҳои бадеӣ, ки моли адабиётанд (романҳои Фотеҳ Ниёзӣ – «Вафо», «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Сарбозони бесилоҳ», қиссаи «Димаи диловар», достонҳои Муъмин Қаноат - «Сурӯши Сталинград», «Ситораи Исмат» ва ғайра) аз тарафи омӯзгор номбар карда мешаванд. Дар сурати салоҳ донистани устод ва имконияти вақт пораҳои назмиву насрии ин асарҳо аз тарафи худи ӯ ва ё шогирдон қироат карда мешаванд. Ин, бешубҳа, робитаи байни фанҳоро қавӣ гардонда, дар баробари ин, шавқи бачаро нисбат ба ҳарду фан боз ҳам бештар мекунад.

Баъзе аз ҳамкасбонамон  иддао доранд, ки дар китобҳои дарсӣ истифодаи солу моҳҳои рухдодаи ҳодисаҳои таърихӣ аз меъёр зиёд аст ё инъикоси онҳо  чандон зарурат надорад. Вале банда ба ин розӣ шуда наметавонам. Чунки  омӯзгор бояд ба факту далел, арқом,   солҳои рух додани ин ва ё он ҳодисаҳои таърихӣ  дақиқ муносибат намояд. Дар акси ҳол, ҳодисаҳои таърихӣ бо мурури солҳо таҳриф шуда, муҳаққиқон дар баҳо додани онҳо ба хатоҳо роҳ медиҳанд.

Чунин андеша ҳангоми таълими дарси адабиёт низ ба назар мерасад. Яъне, агар ба хонанда доир ба ҳодисаҳои таърихии замони зиндагии Ҳофизи Шерозӣ ё дигар ҳаммаслакони  ӯ (дар дарси адабиёт) маълумот дода нашавад, пас шогирд чӣ гуна метавонад маънии ашъори Лисонулғайб ва  дигар ҳамасрони ӯро дарк намояд?

Дар баробари  ин, дигар фанҳо низ байни ҳам робитаи қавӣ доранд. Масалан, робитаи байни фанни нақшакашӣ бо биология наздик аст. Кашидани расмҳои узвҳои растанӣ, одам, ҳайвонот фаҳмиши хонандагон ва ҳофизаи онҳоро тараққӣ медиҳад.

Умеда ТАБАРОВА,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш