Нашрияи Омӯзгор

Озмун истеъдодҳоро муайян кард

Сана: 2019-04-18        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Дар шаҳри Кӯлоб дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ҷамъбасти силсилаи озмунҳои «Рассоми беҳтарин», «Хабарнигори наврас» ва «Ровии ҷавон» баргузор гардид. Фестивал дар китобхонаи марказии вилоятии ба номи С. Айнии шаҳр ҷараён гирифт. Китобдӯстони наврасро директори китобхонаи бачагонаи вилоятии минтақаи Кӯлоб Миҷгона Қосимова  бо шартҳои озмун шинос намуд. Бояд қайд кард, ки аксарияти довталабон дар озмуни «Ровии ҷавон» омодагии хуб доштанд ва барои пирӯз шудан дар озмун, ҳар як довталаб кӯшиш менамуд, ки маҳорати сухандонию суханварии худро дар сатҳи баланд нишон диҳад. Муовини сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Х. Тоиров ба ғолибон Ифтихорнома ва туҳфаҳо супорид.

 

 Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»            


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш